-3.2 C
Tajikistan
Thursday, September 28, 2023

7 НОЯБР- РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. «Барномаи давлатии рушди театри Чумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» таҳия мегардад

 Ҳамасола 7 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил мешавад. 20 марти соли 2018 дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки «санъати театрӣ метавонад таъриху тамаддун, арзишҳои миллӣ ва ҳаёти муосирони моро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд».Вазорати фарҳанги мамлакат нақша дорад, ки соли 2022 «Барномаи давлатии рушди театри  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028»-ро  ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд. Ин барнома дар айни замон мавриди таҳия қарор дорад.

Таърихи таҷлили Рӯзи театри тоҷик

Расо 92 сол мешавад, ки театри тоҷик фаъолияти пурсамар дорад. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ,  театри тоҷик бори аввал 7 ноябри соли 1929 ба фаъолият оғоз намуд. Ин театри драмавӣ буд, ки баъдтар соли 1933 ба он номи адиб Абулқосим Лоҳутиро гузоштанд. Шурӯъ аз ҳамон сол 7 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил мегардад.

Бинои ин театр дар «Хонаи деҳқон», собиқ бинои Театри русии ба номи В. Маяковский ҷойгир буд. Аввалин  намоиши калони вай драмаи «Ду коммунист» ном дошт. Дар он солҳо ташкили театр ва пайдо намудани ҳунармандон кори осон набуд. Ҳайати театр аз ҳисоби ҳунармандони театрҳои Бухорову Самарқанд ва ҳаваскорон оҳиста-оҳиста зиёд мешуд. Дар саргаҳи поягузорони театри тоҷик коргардони маъруфи рус Ефим Исаевич Мителман қарор дошт, ки саҳмаш дар рушди театр ва ҷалби мутахассисони соҳа бузург аст. Ҳамроҳи ӯ коргардонҳои дигар низ барои таҳияи спектаклҳо ва омода сохтани ҳунарпешагони театр талош мекарданд.

Дар ин давра спектаклҳои драматургони маъруфи ҷаҳон Софокл, Шекспир, Шиллер, Грибоедов, Чехов ва дигарон рӯйи саҳнаи театри тоҷик  омаданд. Спектаклҳои «Отелло», «Эдип», «Шоҳ Лир», «Ромео ва Ҷулетта», «Дод аз дасти ақл», «Роҳзанҳо», «Хизматгори ду хоҷа», «Амаки Ваня» ва ғайра маъруфияту маҳбубияти вижа пайдо намуда буданд.

Театр бо ҳаёти одамон зич алоқаманд аст, набзи зиндагӣ ва рўҳияи мардумро ифода мекунад. Миллати тоҷик дар гузашта ва имрӯз‚ пеш аз ҳама, бо санъату ҳунар ва фарҳанги оламгираш шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст. Имрӯз театри тоҷик чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи мамлакат бо намоишҳои офаридааш маҳбубияти хосса касб намудааст.

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Олмон рафтанд

28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ...

Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалӣ дар Қатар иштирок намуд

 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар Конференсияи 12-уми байналмилалии «Ба сӯи навсозии амали фарҳангӣ дар ҷаҳони Ислом», ки 25-26 сентябр дар шаҳри...

Ҳамкорӣ байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ тақвият меёбад

 Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов бо роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ Макс Георг...

Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши сатҳи баланд оид ба навкунии низоми омор дар Латвия иштирок дорад

26 сентябр дар шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия ҳамоиши сатҳи баланд барои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ҳамсояи шарқии Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар...

Related news