-2.2 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

Вазирони кишоварзии Осиёи Марказӣ дар нишасти чорум масъалаи тағйирёбии иқлимро баррасӣ намуданд

Тағйирёбии иқлим яке аз мушкилоти асосии соҳаи кишоварзӣ дар ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Дар соҳаи кишоварзӣ сарчашмаҳои хатарҳои вобаста ба обу ҳаво ва иқлим бисёр ва гуногунанд, аз қабили захираҳои маҳдуди об, хушксолӣ, биёбоншавӣ, таназзули замин, эрозия, жола, обхезӣ, сармоҳои барвақтӣ ва дигар омилҳо. Чунин зикр гардид дар нишасти чоруми вазирони кишоварзии кишварҳоиОсиёи Марказӣ таҳти унвони  «Таъсири оқибатҳои ногувори тағйирёбиииқлим ва ҳолатҳои фавқулода ба соҳаи кишоварзӣ», ки  2 ноябр ба таври онлайн баргузор гардид, иттилоъ медиҳад шуъбаи матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии ҶумҳурииТоҷикистон.

Нишасти мазкур  таҳти раёсати Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ҳамбастагӣ бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) доир гардид.

Дар кори нишаст вазирони кишоварзии давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сулаймон Зиёзода, Ҷумҳурии Қазоқистон — Ербол Карашукеев, Ҷумҳурии Қирғизистон – Аскарбек Джанибеков, Ҷумҳурии Узбекистон — Жамшид Ходжаев, муовини директори генералии Намояндагии минтақавии ФАО дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ — Владимир Рахманин иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳадаф аз баргузории нишаст- омӯзиш ва табодули таҷриба миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ доир ба таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ҳолатҳои фавқулода ба соҳаи кишоварзӣ мебошад.

Дар нишасти мазкур маҷмӯи масъалаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид.

Зикр шуд, ки нишасти кунунӣ саривақтӣ мебошад, зеро кишварҳои Осиёи Марказӣ дар он  нақшаҳои миллии худро оид ба тағйирёбии иқлим дар ҳамбастагӣ таҳия намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани он талош меварзанд.

АКСҲО: Вазорати кишоварзии ҶТ

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news