4 ноябр мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Россияро баррасӣ намуда, атрофи тамосҳои дарпешистодаи ду кишвар дар сатҳи олӣ ва баланд мубодилаи афкор карданд.
АКС: ВКХ ҶТ