-5.9 C
Tajikistan
Wednesday, March 26, 2025

«Истиқлол», «Хатлон» ва «Хуҷанд» дар Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ ғолиб омаданд

Дирӯз бозиҳои даври 23-юми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ   дар варзишгоҳҳои мамлакат дубора оғоз гардиданд. Дар рӯзи якуми сабқат дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бо  КМВА-и шаҳри Душанбе,   «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд  ва   «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд   вориди майдони  рақобат шуданд, иттилоъ медиҳад  Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар  даври мазкур дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бар дастаи футболи  КМВА-и шаҳри Душанбе  бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад. Голҳои ин вохӯрии ҷолибро Рёта Нома, Анрей Мишенко, Шервонӣ Мабатшоев ва  Шарафҷон Солеҳов ба нишон расониданд.

Дар бозии дигари ин давр дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд. Голҳои  рақобатро Сорбон  Афғонов, Парвиз Баки-Ахунов  ва  Ҷаҳонгир Эргашов ба ҳадаф расониданд.

Дар бозии дигар дастаи футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан аз дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 2:1  шикаст хӯрд. Голҳои ин сабқати ҷолибро Шаҳзодҷон Маъмурҷонов, Олимҷон Каримов ва Комрон Турсунов ба нишон расониданд.

Чемпионати Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ. Даври 24-ум

«Истаравшан» – «Хуҷанд» – 1:2

Голҳо: Шаҳзодҷон Маъмурҷонов, 45 (1:0). Комрон Турсунов, 45+2 –пеналти (1:1). Олимҷон Каримов, 59 (1:2).

«Хатлон» – «Эсхата» – 2:1

Голҳо: Сорбон Авғонов, 7 (1:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 35 (1:1). Парвиз Боқӣ-Охунов, 85 (2:1).

Лигаи футболи Тоҷикистон.  Даври 24-ум

«Истиқлол» — КМВА — 3:1

Голҳо:  Рёта Нома, 6 (1:0). Андрей Мишенко, 16 (2:0).  Шервонӣ Мабатшоев, 21 аз пеналти (3:0).  Шарафҷон Солеҳов, 70 (3:1).

Пас аз натиҷагирии 23 даври бозиҳо мисли пеш дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе пешсаф буда, 58 хол дар ихтиёр дорад. Дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд  бо 13 хол камтар (45) дар ҷои дуюм аст.

КМВА, ки холҳояш ба 36 адад расидааст, мавқеашро барои медалҳои биринҷӣ мустаҳкамтар кард.

ҶОЙИ   ДАСТАҲО                      Б      Ғ      М      Б      Т-Т       Х
 1  «Истиқлол» (Душанбе)  23  18  4  1  57-7  58
 2 «Хуҷанд» (Хуҷанд)  22  13  3  5  43-21  45
 3  КМВА (Душанбе)  22  10  6 7  33-26  36
 4  «Истаравшан» (Истаравшан)  23  9  5  9  24-22  32
 5 «Хатлон»(Бохтар)  23  9  5  9  23-27  32
 6  «Эсхата» (Хуҷанд)  23  8  3  12  29-40  27
 7  «Равшан» (Кӯлоб)  22  6  8  8  22-26  26
 8  «Файзканд» (Восеъ)  22  5  5  12  15-29  20
 9  «Кӯктош»(Рӯдакӣ)  22  5  5  12  31-50  20
 10 «Душанбе» (Душанбе)  22  4  6  12  21-50  18

                                                         АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон

Latest news

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум иштирок намуданд

19 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум иштирок...

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНҚАРОР аз 18 марти соли 2025 №177ш. Душанбе Дар бораи аз вазифаи муовини вазири...

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи озод намудани судяҳо Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд

18 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар мақомоти гуногуни ҳокимияти давлатӣ таъиншударо барои суҳбат...

Related news