10.8 C
Tajikistan
Friday, September 30, 2022

Дар Душанбе дар мавзӯи «Муаррифӣ ва шарҳи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» машварат доир шуд

 Дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», ки 4 октябри соли 2011 рӯи чоп омада буд, як идда камбудию норасоиҳо ҷой доштанд, ки он мушкилиҳои зиёдеро пеш меовард ва мақсади асосии таҳияи қоидаи имлои нав бартараф кардани ҳамин камбудиву норасоиҳост. Бо мақсади мукаммалтар шудани ин санади миллӣ ба он «Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» низ ҳамроҳ карда шуд. Ин нуктаро Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумиҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода дирӯз зимни баргузории машварат дар мавзӯи «Муаррифӣ ва шарҳи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобати забони тоҷикӣ» иброз намуд.

Ба зикри Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, бинобар мақоми забони давлатӣ ва дурнамои рушду густариши он дар ҷомеа матни имлои забони тоҷикӣ аз нигоҳи интиқодӣ мавриди таҳриру такмили ҷиддӣ қарор гирифт.

Забоншиносони тоҷик иброз доштанд, ки дар «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» масъалаҳои марбут ба номи ҳарфҳо, имлои овозҳои садоноку ҳамсадоҳо, калимаҳои содаю мураккаб ва таркибҳо, калимаҳои мушаддад, иқтибосӣ, аз сатр ба сатр гузаронидани ҳиҷои калима, имлои ҳиссаи нутқ, махсусан навишти ихтисораҳо, ҳарфҳои калону хурд, тарзи имлои артикли «ал», якҷоя, ҷудо ва бо нимтире навиштани калимаҳо, тарзи дурусти навишти морфемаҳои насабсоз, имлои номи муассисаю корхонаҳо, номи ҷуғрофӣ, асару китобҳо, маҷаллаҳо, мансабу вазифа ва рутбаҳо, имлои нумеративҳо, бандакҳо, пешванду пасвандҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, имло ва тарзи навишти онҳо мушаххас нишон дода шудаанд.

Зимни баргузории машварат зикр намуданд, ки барои ба танзим даровардани калимаҳои иқтибосие, ки овозҳои «ц», «щ» ва «ы» доранд, «Қоидаи имлои забони тоҷикӣ» ҳарфҳои ивазкунандаи онҳоро мушаххас кардааст. Масъалан, дар калимаҳои иқтибосӣ ба ҷойи ҳари ц ҳарфҳои с ва т дар мавридҳои зерин навишта мешаванд:

-дар аввали калима (пеш аз садонок) с навишта мешавад: семент-цемент, сирк-цирк ва ғайра;

-дар байни ду садонок ҳарфҳои тс навишта мешаванд: дотсент – доцент, милитсия – милиция, конститутсия – конституция ва ғайра;

-баъд аз садонок ва пеш аз ҳамсадо ҳарфҳои тс ва пас  аз ҳамсадо с навишта мешаванд: Липетск – Липецк, Донетск — Донецк ва ғайра;

-дар охири калима баъд аз садонок тс ва пас аз ҳамсадо с навишта мешавад: платс – плац, кварс – кварц ва ғайра;

Дар ҷараёни ҳамоиш таъкид гардид, ки бобати амалисозии дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» аз ҷониби гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ дар ҳайати олимони варзидаи забоншиносон таҳия ва нашр гардида, имрӯз дастраси тамоми қишрҳои ҷомеа мешавад.

Latest news

«БЕХАТАРИИ ОБӢ – АСОСИ РУШДИ УСТУВОР». Таҳти ин унвон дар Душанбе Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир мегардад

 Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Бехатарии обӣ – асоси рушди устувор» бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди уствувор, солҳои 2018- 2028» ва...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шавад

Имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад, хабар медиҳад АМИТ...

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусии «Гимназияи Нуриддин»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии...

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли маорифи пойтахт дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мулоқот намуданд

27 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи биноҳои нави Донишкадаи давлатии забонҳои...

Related news