-8.7 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

ҲУШДОР: 4-5 ноябр қоидаҳои бехатариро риоя намуда, ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошед!

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки 4-5 ноябр дар водиҳо борон, дар баландиҳои бештар аз 200 метр- дар ноҳияҳои кӯҳӣ барфи тар борида, дар баъзе ҷойҳо барф шиддат мегирад.Дар баъзе ноҳияҳо шамол бо суръати то 13-18 метр дар як сония мевазад.

4 ноябр гармии ҳаво рӯзона аз 7 то 10 дараҷа поин меравад. 5-6 ноябр дар баъзе ноҳияҳо, ба истиснои ВМКБ туман мефарояд. Дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи марказ ҳавои торик эҳтимол мушкилии диданро ба вуҷуд орад. 

Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон эҳтиромона хоҳиш мекунад, ки қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя намоянд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ.

Бахусус ҳангоми истифодаи асбобҳои гармидиҳандаи барқӣ бояд эҳтиёт кард. Дар истифодаи бухориҳо низ эҳтиёт карда, бояд ҳамеша дудбарои хонаҳоро хабар гиранд ва онҳоро тоза нигоҳ доранд.  Махсусан дар ин рӯзҳо кӯдаконро танҳо ва беназорат нагузоред.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, воситаҳои нақлиётии худро аз қабл ба сафар омода созанд, то ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок, аз иҷрои корҳои кишоварзӣ дар доманакӯҳҳо ва навоҳии кӯҳистон ва чаронидани чорво дар чарогоҳҳои кӯҳӣ муваққатан худдорӣ намоянд. Дар ин гуна рӯзҳо рафтан ба кӯҳҳову доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии ҳезум ва моҳидорӣ дар соҳили наҳр, кӯлу рӯдхонаҳо метавонад хатарнок бошад.

Дар ҳолати рух додани ҳолатҳои ғайримуқаррарӣ ё ҳолати фавқулода ба рақами 112 ва ё ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба рақамҳои 223 13 11, 93 880 28 19 занг зананд. 

Latest news

Дар Маҷлиси намояндагон оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоот ҳамоиш доир шуд

Имрӯз бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар мавзӯи «Ташаббус оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси...

Хуршед Каримзода ва Ғода Волӣ таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо UNODC-ро баррасӣ намуданд

Масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) имрӯз...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд

Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти...

Related news