-8.7 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

Дар Глазго ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти об ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуданд

3 ноябр дар шаҳри Глазго дар ҳошияи Конфронси 26-уми тарафҳои Конвенсияи чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (СОР26) вохӯрии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо муовини Дабири кулли СММ, Намояндаи олии СММ оид ба Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ, кишварҳои кам тараққикарда ва кишварҳои хурди ҷазиравӣ Куртенай Раттрай баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар суҳбат ҷонибҳо масьалаҳои рушди ҳамкории фарогир бо ниҳодҳои дахлдори СММ, икдомҳои муштараки ҳамоҳангшуда барои рафъи пайомадҳои COVID-19 ва норасоии ваксинаҳо, пешгирии оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва таъсири манфии он ба муҳити зистро баррасӣ намуданд.

Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти об ва ҳифзи пиряхҳо, хосатан моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» маълумоти мавриди таваҷҷуҳ пешниҳод кард.

Ҷонибҳо ҳавасмандии амиқро барои пешбурди муколамаи фарогири самаранок миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ дар самтҳои барои ҳарду тараф муҳим, махсусан ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, Рӯзномаи ҷаҳонии 2030 ва Барномаи амали Вена оид ба кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ зикр карданд.

АКС: ВКХ ҶТ

Latest news

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

30 ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси...

Дар Маҷлиси намояндагон оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоот ҳамоиш доир шуд

Имрӯз бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар мавзӯи «Ташаббус оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси...

Хуршед Каримзода ва Ғода Волӣ таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо UNODC-ро баррасӣ намуданд

Масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) имрӯз...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Related news