-2.2 C
Tajikistan
Friday, March 31, 2023

Раиси вилояти Суғд бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои нав мубодилаи афкор намуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода намояндагони Бонки ҷаҳониро, ки бо роҳбарии Теклу Тесфайе ба вилояти Суғд ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт. Зимни суҳбат ҷонибҳо оид ба татбиқи лоиҳаҳои нави ин ниҳоди байналмилалии молиявӣ мубодилаи афкор намуда, ба нақши Бонки ҷаҳонӣ дар рушди иқтисодиёт баҳои баланд доданд, иттилоъ доданд аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз тадбирандешиҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ёдовар шуда,  иброз дошт, ки дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ ҳанӯз имконоти истифоданашуда хеле зиёданд ва татбиқи лоиҳаҳои гуногун, аз қабили лоиҳаи «Тиҷоратикунонии хоҷагии қишлоқ», ки тӯли чанд соли охир бо мусоидати Бонки ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодааст, барои кишоварзон манфиатовар мебошад.

Раиси  вилояти Суғд таваҷҷуҳи намояндагони Бонки ҷаҳониро барои сармоягузорӣ ба соҳаи кишоварзӣ ҷалб намуда, таъкид намуд, ки бо ташкили обанборҳои нав дар ноҳияҳои Деваштич ва  Шаҳристон метавон ҳазорҳо гектар заминро аз худ намуда, бунёди боғҳои нав ва кишти зироати гуногунро ба роҳ монд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мусоидати Бонки ҷаҳонӣ барои таъмини рушди соҳаи кишоварзӣ лоиҳаи нав амалӣ гардида, дар доираи он хоҷагиҳои тухмипарварӣ дастгирӣ карда мешаванд. Тибқи пешбиниҳо, тавассути ин лоиҳа навъҳои нави тухмии картошкаву гандум ва ниҳолу дарахтони мевадиҳандаи суперинтенсивӣ ворид карда шуда, бо ин васила таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ бо ниҳол ва тухмиҳои аълосифат ба роҳ монда хоҳад шуд. Ҳамзамон барои масъулини хоҷагиҳои тухмипарварии ҷумҳурӣ ташкили дарсҳои омӯзишӣ ба нақша гирифта шуда, кишоварзон технологияи парваришу обёрӣ ва дигар таҷрибаҳои замони муосирро аз худ мекунанд.

Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориро баррасӣ ва барои татбиқи муваффақонаи лоиҳаи нав омодагии хешро иброз доштанд.

АКС аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news