2 ноябр бо ташаббуси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт таҳти унвони «Рушди соҳибкории агросаноатӣ» Форуми минтақавии соҳибкории Рашт-2021 доир гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, раисони ноҳияҳои минтақаи Рашт, соҳибкорону сармоягузорони вилоятҳои Суғду Хатлон, намояндагони шарикони рушд ва созмонҳои бонуфузи молиявӣ, филиалҳои бонкҳо дар минтақаи Рашт ва соҳибкорони минтақаи Рашт, Суғду Хатлон иштирок намуданд.
Форуми мазкур дар оянда барои боз ҳам беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ дар ноҳияҳои минтақаи Рашт, рушди соҳибкорӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ ва рушди иқтисоди минтақа шароити мусоид фароҳам меорад.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки татбиқи босамари ислоҳоти иқтисодӣ тайи солҳои охир махсусан дар навоҳии Рашт имкон дод, ки рушди устувори иқтисодиёт аз ҳисоби соҳибкории хурду миёна ва соҳаи аграрӣ ба таври мунтазам рушд намуда, бо муҳайё намудани имконият ва додани имтиёзҳо ба фаъолияти соҳибкории хурду миёна садҳо ҷойи нави корӣ таъсис ёфтаанд.
Сардори Раёсати сиёсати аграрӣ ва мониторинги амнияти озуқавории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Назаров изҳор дошт, ки боғдорию картошкапарварӣ, чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ шуғли асосии мардуми водии Рашт буда, мардуми ин минтақа бо рушд додани ин бахшҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ дар баробари қонеъ намудани талаботи худӣ бо маҳсулоти ватанӣ бо пешниҳоди маҳсулоти истеҳсолнамудаашон ба аҳолии дигар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ саҳми беандоза доранд. Захираҳои истифоданашуда ва шароити иқлими ба минтақа хос имконият медиҳанд, ки бо рушд додани ин соҳаи муҳим дар минтақа маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол ва ба бозорҳои истеъмолии кишвар пешниҳод намуда, бо гирифтани даромади хуб сатҳи зиндагии аҳолӣ баланд бардошта шавад.
Дар кори Форум соҳибкорони ноҳияҳои минтақа барои талаф нагардидани зиёда аз сӣ фоиз меваҳои тирамоҳию тобистонаашон ба сармоягузорону масъулини кумита пешниҳод намуданд, ки барои бунёди коргоҳҳои шарбат ва басту банди меваи хушк дар ноҳияҳои минтақа сармоягузорӣ намоянд. Ҳамчунин дар минтақа ё марказҳои ноҳияҳо мағозаҳои қабули меваи хушк ташкил намоянд, то мардум меваҳои бо нури офтоб хушконидаашонро бо нархи дастрас фурӯшанд.

Ҳамчунин дар форум миёни соҳибкорон ва ҳукуматҳои ноҳияҳо санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.
Баъд аз анҷоми форум бо иштироки меҳмонон корхонаи истеҳсоли макарон, ки аз ҳисоби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт сохта шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Тибқи иттилои директори Корхонаи истеҳсоли орди Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Хусрав Сафаров, таҷҳизоти коргоҳи мазкур аз хориҷи мамлакат ворид гардида, иқтидори ин коргоҳи истеҳсолӣ дар як шабонарӯз зиёда аз 3 тонна макарони хушкро ташкил медиҳад. Айни замон дар ин коргоҳ 7 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Коргоҳи мазкур барои таъмини бозорҳои ноҳияҳои минтақаи Рашт пешбинӣ шуда, дар оянда мувозинати нархи намудҳои гуногуни макаронро дар дар бозорҳои минтақа нигоҳ медорад.