-8.7 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

Нуриддин Саид ва Эмре Зекӣ Карагёл дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Туркияро дар соҳаи телевизион ва радио баррасӣ намуданд

2 ноябр зимни мулоқоти РаисиКумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Нуриддин Саид ва Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия дар соҳаи телевизион ва радио баррасӣ гардид

Нуриддин Саид аз таърихи равобити дипломатии ҳарду кишвар, бахусус дар соҳаи телевизон ва радио ёдовар шуда, зикр намуд, ки миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи телевизон ва радиои Туркия 18 декабри соли 2012 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида буд, ки он дар вусъат бахшидани ҳамкории соҳавӣ нақши муҳим дорад.

Дар мулоқот масъалаҳо доир ба вусъати ҳамкорӣ дар самти омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар, омода кардани мутахассисон дар бахшҳои гуногуни телевизион ва радио, баргузор намудани семинару конфронсҳои соҳавии муштарак, такмили тахассуси ҳайати эҷодӣ ва кормандони техникӣ, инчунин лоиҳаи Протоколи ҳамкорӣ миёни  Кумитаи телевизон ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати телевизион ва радиои Ҷумҳурии Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Роҳбари намояндагии дипломатии Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл оид ба фаъолияти телевизион ва радиоҳои Туркия мухтасар маълумот дода, омодагии кишвари худро баҳри ҳамкорӣ дар самтҳои номбаршуда изҳор дошт.

Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

АКС: Кумитаи телевизион ва радио

Latest news

Хуршед Каримзода ва Ғода Волӣ таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо UNODC-ро баррасӣ намуданд

Масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) имрӯз...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд

Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти...

Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус аз Суғд боздид мекунад

2-4 декабр ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар ба вилояти Суғд сафари...

Related news