-8.7 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

Доир ба осор ва рӯзгори адибу филмноманависи тоҷик Шераки Ориён китоб бо андешаҳои пажуҳишгарони ватаниву хориҷӣ ба нашр расид

Дар Душанбе доир ба осор ва рӯзгори адибу филмноманависи тоҷик, дорандаи ҳафт ҷоизаи байналхалқӣ Шераки Ориён (Абдурофеъ Рабизода) таҳти унвони «Сад бор мурдаму зиндаам ҳанӯз» китоб ба нашр расид, ки ба қалами пажуҳишгарони дақиқназари ватаниву хориҷӣ ва шахсони барҷастаи олами илмиву эҷодӣ тааллуқ дорад.

Тавре нависандаи барҷаста Шераки Ориён иброз дошт, адиби беҳамтои миллат Сотим Улуғзода замоне таъкид карда буданд, ки «рӯдоби камобшудаи насри моро обхезиҳо зарур аст». Ва маҳз ҳамон айём ҳикояти «Обхез»-и камина, ки  дар он даврон басо ҷавон будам, ба табъ расид ва С. Улуғзода онро мутолиа карда, бо хушҳолӣ чунин гуфтанд: «…ҳикояи нахусти Абдурофеъ «Обхез»-ро хонда, хулоса намудам, ки ба адабиёт ҷавони боистеъдод ва хушсалиқа ворид гардидааст ва дар оянда ба насри мо нафаси тоза ва маъниву фаҳмиши дигар ворид карда метавонад».

Ҳамчунин адиби маъруфи Русия Анатолий Ким дар китобе, ки дар нашриёти «Молодая гвардия»-и Москва ба нашр расидааст, таъкид кардааст, ки «ҳикояву қиссаҳои ҷаззоби Рабиевро хонда, боварие аз дилам бархест (ва хонанда низ ба чунин хулоса мерасад), ки Худованд ба инсоне беҳуда истеъдод ато накардааст (яъне вай арзандаи чунин истеъдод бошад)».

Муаллифи филмномаҳои «Баллада о солдате», «Белое солнце в пустине» ва боз зиёда аз сад филми дигари бадеӣ, дорандаи ҷоизаҳои олии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҷоизаҳои олии Русия ва ҷоизаҳои кинофестивалҳои ҷаҳонӣ, аз  ҷумла бузургтарин ҷоизаи кинои ҷаҳонӣ «Оскар» Валентин Ежов навиштааст: «Солҳо дар Мактаби олии кинематографияи Москва таҷриба ва малакаи худро ба шогирдон бахшидаам ва парвардагони ман эҷодгарони барҷаста ва арзанда шуда, ба камол расидаанд. Миёни шогирдонам Абдурофеъ Рабиевро басо самимӣ, пурмуҳаббат дарёфтам ва ин муҳаббату самимият ба эҷоди вай асар карда, онро хело ҳам дилкаш ва гарму ҷаззоб гардондааст…»

Пажуҳишгаре аз Эстония Аво Сузи таъкид кардааст: «Дар тафриқа аз дигарон Абдурофеъ Рабиев мушкилие чун пайдо кардани мавқеи хешро дар ин дунёи пурпеч надорад. Ба пиндори ман, ӯ рисолати нависандаро хуб дарк кардааст, яъне ҳодӣ (ҳидоятгар) будан, то ки дар пайгирӣ ҳар нафар тавонад меъёрҳои маънавии худро пайдо ва муқаррар бисозад. Мавқеи нависанда мушаххас бошад: ба одамон на носеҳи бегона, балки ҳамдилу ҳамнафас зарур, ки шарики шодию ғамашон бишавад ва Абдурофеву эҷодиёти вай аз чунинҳост. Ва чизи муҳими дигарест: Абдурофеъ Рабиев ба матои тасвир усурҳои асотир, қиссаю тамсилу андарз афзуда, имконоти нави ифодаи фасеҳ кашф мекунад ва дар ин ҷода сабкеро меофарад, ки танҳо хоси ӯст».

Ҳамин тавр, дар ин китоби калонҳаҷм фикру андешаю пажуҳиши фардон ё шефтагони зиёди эҷодиёти Абдурофеъ Рабизода (Шераки Ориён) мухтасаран интихоб ва дарҷ гардидаанд, ки ин нафарон аз қитъаҳои Осиё ва Аврупо ва Амрикову Африко мебошанд.

Хуллас ин китоб ҷиҳатҳои гуногуни осори ин эҷодгари нодири тоҷикро барои хонандаи маънифаҳм бештар ошкор месозад.

Зиндагинома: Абдурофеъ Рабизода (Рабиев)(Шераки Ориён) – рӯзноманигор, адиб, сенариянависи филмҳо, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад. Вай  7 ноябри соли 1951 дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 1975 бахши журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) -ро хатм намудааст. Ду сол мухбири суратгири рӯзномаи «Зарафшон»-и шаҳри Панҷакент, солҳои зиёде ҳамчун муҳаррири шуъбаи адабии радиои Кумитаи телевизион ва радиошунавонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳаррири Киностудияи «Тоҷикфилм» кор кардааст. Солҳои 1983-1986 дар Мактаби олии кинематографияи шаҳри Москва таҳсил намудааст. Чанд муддат дар Киностудияи «Тоҷикфилм» ба ҳайси филмнигор (сенариянавис) фаъолият дошт. Солҳои 1992-2001 сарварии Иттиҳодияи адибони водии Зарафшон ба зиммааш буд. Соли 1999 ба рӯзномаи «Садои мардум»ба кор гузашт ва то соли 2007 ба сифати хабарнигор, мудири шуъба ифои вазифа намуд.

Эҷодиёт: Шераки Ориён, ки бо ному тахаллусҳои Абдурофеъ Рабиев, А. Рабизода, Рофеъи Рабизод, Дарвеши Бохтарӣ, Сайид Муҳаммади Рофеъ ва ғайра эҷод кардааст, муаллифи 68 китоби банашррасида (58-то ба тоҷикӣ ва 10-то ба русӣ), 40 филми ҳунарӣ буда, навиштаҳояш қариб ба чил забони мардуми дунё тарҷумаву чоп шудаанд. Филмҳояш дар кишварҳои зиёди олам ба намоиш гузошта шуда, сазовори ҳафт ҷоизаи байналхалқӣ гардидаанд. Филмномаҳои ӯ «Марди мутааллиқи ду зан», «Вақте болои шаҳр борон мерехт», «Дӯстонро намефурӯшанд», «Афсонаи зиндагӣ», «Чор фасли умр» ва ғ. маъруфу машҳуранд.

Филмномаҳои «Санги Сипар», «Амондара ва Сорбон», «Растагор», «Чил-меҳроб», «Хоки пайвандӣ», «Ғозӣ Ниёз» ва ғайра ба тасвири рӯзгори ибратбахши адибону ҳунармандони кишварамон бахшида шудаанд. Ҳамчунин таҳиягар (режиссёр)-и якчанд филмҳо, монанди «Помпейи Машриқзамин», «Чакомаи дарахт», «Асрори тоқиҳои Варорӯд», «Зиндагиномаи як инсон» ва ҳоказо мебошад. Иддае аз нигоштаҳои ӯ ба китобҳои дарсии макотиби олии Русия («Этика ва эстетикаи ҳаёти оилавӣ»), кишварҳои аврупоӣ («Анатомияи садоқату муҳаббати инсонӣ) ва якчанд мамолики Шарқу Тоҷикистон («Эҷод чист? Эҷодгар кист?») ворид шудаанд. Чанде аз китобҳояш дар нашрияҳои бонуфузи Русия, монанди «Молодая гвардия», «Советский писатель», «Художественная литература», «Госкино», маҷаллаҳои «Студенческий меридиан», «Работница», «Дружба», «Советская литература», «Литературная учёба» ва зиёда аз 30 китоби дастҷамъӣ чоп шудаанд.

Абдурофеъ Рабизода нависандаи сермаҳсул аст. Асарҳояш ба забонҳои гуногуни олам-англисӣ, испанӣ, арабӣ, японӣ, франсавӣ, булғорӣ, олмонӣ, чинӣ, ҳинду ва забонҳои мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тарҷума ва нашр шуда, сазовори ҷоизаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ду Гран при ва як Ҷоми Лоҷувард гардидаанд.

Нависанда бо ордени «Шараф», дараҷаи 2 мукофотонида шудааст.


Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Хуршед Каримзода ва Ғода Волӣ таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо UNODC-ро баррасӣ намуданд

Масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) имрӯз...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд

Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти...

Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус аз Суғд боздид мекунад

2-4 декабр ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар ба вилояти Суғд сафари...

Related news

Хуршед Каримзода ва Ғода Волӣ таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо UNODC-ро баррасӣ намуданд

Масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) имрӯз...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд

Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти...

Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус аз Суғд боздид мекунад

2-4 декабр ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар ба вилояти Суғд сафари...