0.3 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

Роҳбарони бонкҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд дастрасии молиявӣ ва маблағгузории сабзро баррасӣ карданд

1-2 ноябр дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон бо ташаббуси Фонди хазинаҳои амонатгузории Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ «German Sparkassenstiftung» ҳамоиши минтақавӣ доир гардид, ки дар он дар радифи  роҳбарону намояндагони бонкҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»  Сироҷиддин Икромӣ иштирок намуд.

Аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ доданд, ки  ҳамоиши минтақавӣ дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба рушди деҳот ва таҳкими иқтидори корхонаҳои хурду миёна дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон» доир гардида, ҳадафаш таҳкими ҳамкории байнибонкӣ  дар самти татбиқи лоиҳаҳои  марбут ба рушди иқтисодиёт дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Дар ҳамоиш намояндагони Фонди хазинаҳои амонатгузории Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ «German Sparkassenstiftung» ва бонкҳои шарики Фонди мазкур дар мавзӯъҳои «Дастрасии молиявӣ», «Дастгирии соҳибкории хурду миёна: Таъсири омӯзиши соҳибкорон» ва   «Маблағгузории сабз» маърӯза намуда, пешниҳодҳои судманд баён доштанд.

Иштирокдорони ҳамоиш инчунин бо дастовардҳои дар доираи лоиҳаи «Мусоидат ба рушди деҳот ва таҳкими иқтидори корхонаҳои хурду миёна дар Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон» татбиқгардида шинос шуданд.

 АКСҲО: Бонки давлатии амонатгузории ҶТ «Амонатбонк»

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news