-8.7 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

Ҳиндустон интизори Русия ва Тоҷикистон дар машваратҳо оид ба Афғонистон аст

Мақомоти Ҳиндустон интизор доранд, ки дар нишасти намояндагони хадамоти амнияти миллӣ дар ин кишвар мақомоти баландпоя аз Русия, Покистон, Чин, Эрон, Узбекистон ва Тоҷикистон ширкат мекунанд. Дар ин бора дирӯз, 1 ноябр, қабл аз анҷоми рисолати худ Сафири Ҳиндустон дар Федератсияи Русия Бала Венкатеш Варма дар мусоҳиба бо ТАСС иттилоъ дод. 

Ба гуфтаи ӯ, баргузории мулоқоти намояндагони баландпояи хадамоти амнияти миллии кишварҳои минтақа дар Ҳиндустон 10 ноябр дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки пас аз тасарруфи Кобул аз сӯи толибон кишварҳои минтақа барои баргузории машваратҳои доимӣ оид ба Афғонистон мувофиқат карданд. Машваратҳо дар сатҳҳои гуногун сурат мегиранд. Аз ҷумла, чунин машваратҳо 20 октябр дар пойтахтҳои Тоҷикистон ва Русия баргузор шуданд.

Дар нишасти Душанбе раҳбарон ва намояндагони хадамоти махсуси Эрон, Қазоқистон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон ширкат доштанд. Тавре дар баёнияи умумии иштирокдорони ҷаласа гуфта мешавад, ҷонибҳо вазъи мураккаб дар Афғонистонро, ки дар онҷо амалҳои террористӣ ва дигар амалҳои хушунатомез идома дошта, боиси талафоти зиёди инсонӣ гардидаанд, зикр намуданд. Иштирокчиёни вохӯрӣ аҳамият ва зарурати ташкили ҳукумати фарогирро бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи гурӯҳҳои этникӣ, иҷтимоӣ ва динӣ, инчунин истифодаи платформаҳои созмонҳои байналмилалиро барои ҳалли вазъ дар Афғонистон таъкид намуданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

30 ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси...

Дар Маҷлиси намояндагон оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоот ҳамоиш доир шуд

Имрӯз бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар мавзӯи «Ташаббус оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси...

Хуршед Каримзода ва Ғода Волӣ таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо UNODC-ро баррасӣ намуданд

Масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) имрӯз...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Related news