-8.7 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

«ОҲАНГҲОИ ДАВРОНИ РАФТА». Филми коргардони тоҷик Аниса Собирӣ соҳиби ҷоизаи Фестивали байналмилалии «Calvert Journal» гардид

Филми мустанади шоир ва коргардони тоҷик Аниса Собирӣ «Оҳангҳои даврони рафта» («Rhythms of Lost Time») дар Фестивали байналмилалии «Calvert Journal» ҷоизаи маҳбубтарин филм аз нигоҳи тамошобинонро ба даст овард, иттилоъ медиҳад сомонаи www/ calvertjournal.com.

Фестивали мазкур аз 18 то 31 октябр тариқи онлайн баргузор гардид, ки дар он 35 филм аз давлатҳои Аврупои шарқӣ, Балкан, Русия, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ намоиш дода шуданд. Барои ғолибон 6 ҷоиза муқаррар шуда буд, ки яке аз онҳо насиби коргардони тоҷик Аниса Собирӣ шуд.

Филми «Оҳангҳои даврони рафта»  45 дақиқа буда, муҳтавои он дар барои мусиқиҳои вилояти Бадахшони Тоҷикистон мебошад.

Аниса Собирӣ дар як мусоҳибааш вобаста ба ин филм чунин гуфтааст: «Дар вилояти кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон мусиқӣ аз таваллуд то марг дар зиндагии мардум ҷой дорад».

Бояд гуфт, ки филми «Оҳангҳои даврони рафта» моҳи августи соли равон дар Фестивали  филмҳои мустанади Sole luna festival дар Италия ҷоизаи «Акси беҳтарин»-ро ба даст оварда буд.

Ёдовар мешавем, ки дар сомонаи calvertjournal.com вобаста ба Фестивал маълумоти бештар ҷой дода шудааст. Инчунин дар он шарҳи пурраи коргардони тоҷик Аниса Собирӣ дар бораи филми мазкур ва дигар анъанаҳои фарҳанги Тоҷикистон нашр гардидаанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Хуршед Каримзода ва Ғода Волӣ таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо UNODC-ро баррасӣ намуданд

Масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) имрӯз...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд

Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти...

Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус аз Суғд боздид мекунад

2-4 декабр ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар ба вилояти Суғд сафари...

Related news