5.8 C
Tajikistan
Friday, June 2, 2023

Директори Агентии содирот ва Президенти Донишкадаи байналмилалии менеҷменти Киеви Украина таъсиси Мактаби содиротро баррасӣ намуданд

 28 октябр вохӯрии Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода бо Президенти Донишкадаи байналмилалии менеҷменти Киеви Украина Ирина Тихомирова оид ба омӯзиши таҷрибаи байналмилалии пешбурди содирот баргузор шуд, хабар доданд аз Агентии содирот.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои дарёфти бозорҳои содиротӣ, баланд бардоштани малакаи соҳибкорон, мусоидат намудан ҷиҳати рушди содироти маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуданд.

Инчунин ба масъалаи таъсиси мактаби содиротӣ дар назди Агентии содирот ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд. Вазифаҳои асосии мактаби содиротӣ пешниҳоди хизматрасониҳои босифат ва касбӣ ба содиркунандагон тавассути дастгирии методологӣ, иттилоотӣ, машваратӣ оид ба рушди ҳамкорӣ миёни содиркунандагон, бастани шартномаҳои содиротӣ, инчунин омӯзиш дар таҳияи барномаҳо ва нақшаҳои рушди содирот, дар маҷмӯъ ташкили ҳамкории самарабахши субъектҳо бо мақомоти давлатӣ мебошанд.

Айни замон Агентии содирот якҷо бо созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати баланд бардоштани малакаи соҳибкорон дар самти омода намудани нақшаҳои пешбурди фаъолият ва содироти маҳсулот доир ба масъалаи таъсиси Мактаби содирот дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, дастгирии иттилоотӣ ва таълимӣ ба субъектҳои содироткунанда барои ворид шудан ба сатҳи савдои байналмилалӣ ва баланд бардоштани самаранокии таъминоти содиротии онҳо кор мебарад.

АКС: Агентии содироти назди Ҳукумати ҶТ

Latest news

НОСОЗГОРИИ ИҚТИСОДИ ҶАҲОН ВА ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ИҚТИСОДӢ. Андеша ва пешниҳодҳои коршинос вобаста ба ин мавзуъ

 Вазъи кунунии ҷаҳони имрӯз ба раванди иқтисодиёти ҷаҳон таъсири худро бевосита мерасонад, ки рӯз то рӯз ба бархӯрдҳои геосиёсӣ, низоъҳои тиҷоратӣ ва...

Корҳои сохтмонӣ дар қитъаи роҳи Қалъаихумб-Ванҷ то даромадгоҳи Рӯшон бо суръат идома дорад

Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи сентябри соли 2022 корҳои таҷдиду навсозии роҳи мошингарди...

Дар вилояти Суғд дар майдони зиёда аз 152,6 гектар кишти зироати баҳорӣ гузаронида шуд

Дар вилояти Суғд нақшаи кишти зироати баҳорӣ 174 735 гектарро ташкил дода, то имрӯз дар майдони 152 645 гектар зироат кишт  шудааст....

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва аз Паради низомӣ бахшида ба 78-умин солгарди Рӯзи Ғалаба боздид намуданд

 9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 78-солагии...

Related news