-13.9 C
Tajikistan
Wednesday, March 22, 2023

Дар Тоҷикистон ҷавонони бекор тариқи барномаи электронӣ ба қайд гирифта мешаванд

30 октябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи пилотии барномаи электронии бақайдгирии ҷавонони бекор ва бе касб ба роҳ монда шуда, бақайдгирии шаҳрвандон аз ноҳияҳои мамлакат шурӯъ гардид. Ин нукта 29 октябр зимни баргузории ҷаласаи панҷуми ҳайати кории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид.

Ҳадафи асосии барномаи электронии бақайдгирии ҷавонони бекору бе касб ном ба ном муайян ва мушаххас намудани ин гуна ҷавонон ва дар ин замина ба касбомӯзӣ фаро гирифтан ва бо ҷойи кори мувофиқ таъмин намудани насли ҷавони мамлакат мебошад.

Барномаи мазкур дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони мамлакат  аз 21 майи соли 2021 ва нақшаи чорабиниҳои муштараки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Зимни баргузории ҷаласа ба ҳозирин барномаи электронӣ бо рӯнамо пешниҳод шуда, тарзу усули бароҳмонии давраи пилотии барномаи электронӣ баррасӣ гардид.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ

Latest news

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави маъмурии Нозироти андози ноҳияи Синоро ифтитоҳ намуданд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои нави Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

13 март дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии...

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров санги асос гузоштанд

13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси...

Брифинги намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО оид ба конфронси оби СММ доир гардид

 Дар қароргоҳи ЮНЕСКО — ташкилоти Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг, воқеъ дар Париж дар доираи вохӯрии...

Related news