-5.7 C
Tajikistan
Sunday, March 26, 2023

Баҳодур ва Шаббос имрӯз дар даври ҳаштякфинали Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс вориди ринг мешаванд

Имрӯз, 1 ноябр дар даври ҳаштякфинал ду варзишгари бомаҳорати тоҷик, иштирокчиёни Бозиҳои олимпии Токио Баҳодур Усмонов ва Шаббос Негматуллоев вориди ринг мешаванд. Ҳарифи Шаббос Негматуллоев Кейлан Кассидӣ аз Ирландия ва ҳарифи Баҳодур Усмонов Сомчай Вонгсуван аз Тайланд ҳастанд.

Дар рӯзи ҳафтуми Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо, ки 24 октябр дар шаҳри Белгради Сербия оғоз шуд, муҳорибаҳои даври ҳаштякфинал доир гаштанд.

31 октябр ду варзишгарамон муҳориба карда, ноком шуданд. Дар вазни -60кг Абдураҳмон Ёқубов аз Алекс Де Ла Круз Баез аз Доминикан ва дар вазни +92кг Ҷаҳон Қурбонов аз варзишгари Ҳиндустон Наренда шикаст хӯрда, аз идомаи сабқатҳо маҳрум шуданд.

Ёдовар мешавем, ки Абдураҳмон Ёқубов дар рақобати аввалаш Роланд Велес (Венгрия) ва Ҷаҳон Қурбонов Элли Очола (Кения)-ро мағлуб карда буданд.

Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс миёни мардҳо дар шаҳри Белгради Сербия то 6 ноябр идома меёбад. Дар он беш аз 500 варзишгар аз 88 кишвари ҷаҳон ширкат доранд. Рақобатҳо дар 13 вазн сурат мегиранд.

Бори аввал дар таърихи чемпионат ғолибон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 100 000 доллар ва камарбанд, барандагони ҷойҳои дуюму сеюм дар баробари медал мутаносибан бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 50 000 ва 25 000 доллар қадрдонӣ мешанд.

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news