-8.7 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

ФУТБОЛ. Тоҷикистон бо ду ғалаба ва як бохт дар гурӯҳи «В»-и Ҷоми Осиё-2022 миёни ҷавонони то 23-сола мақоми дуюмро соҳиб гардид

Шоми дирӯз дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе  бозии 3-юми гурӯҳи «В»-и марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022   миёни дастаҳои  мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Эрон ва Тоҷикистон дар ҳузури 7200 нафар мухлис дар сатҳи баланд баргузор гардида, бо ҳисоби 3:2  бар нафъи  дастаи  мунтахаби ҷавонони  то  23-солаи Эрон ба фарҷом расид.       

Дар қисми аввали бозӣ нахуст ба шогирдони Мубин Эргашев имкон даст дод, ки дар дақиқаи 10-уми бозӣ бо голи ба нишон расонидаи Ислом Зоиров ҳисоби бозиро боз кунанд. Пас аз 3 дақиқа футболбози бомаҳорати дастаи яккачини то  23-солаи Эрон Ёсин Салмонӣ тавонист аз зарбаи ҷаримавӣ тӯбро вориди дарвозаи Шоҳрух Қирғизбоев карда, ҳисоби бозиро мусовӣ намояд. Бо гузаштани 6 дақиқа Ёсин Салмонӣ аз фурсати ба миён омада самаранок истифода бурда, натиҷаро 2:1 ба фоидаи дастаи мунтахаби ҷавонони  то  23-солаи Эрон   кард. Дар дақиқаи 22-юми бозӣ пас аз таъйин кардани зарбаи ҷаримавии пеналтӣ аз ҷониби довари бозӣ Ким Ву Сунг ба дарвозаи Эрон ниммуҳофизатгари бомаҳорати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон  Эҳсони Панҷшанбе зарбаро дуруст ба самар расонида, натиҷаро мусовӣ кард. Дар охирҳои қисми аввали бозӣ Ёсин Салмонӣ як тӯби дигар ба дарвозаи Шоҳрух Қирғизбоев зада, бо ҳамин бо натиҷаи 3:2 дастаҳо ба танаффус баромаданд.

Дар қисми дуюми бозӣ мухлисон дигар шоҳиди гол нашуданд, ҳарчанд ки ҳарду  дастаи мунтахаб фурсатҳои зиёди голзанӣ дар назди дарвозаи якдигар доштанд. Пас аз пирӯзӣ шогирдони Меҳдӣ Маҳдавикӣ шумораи имтиёзҳояшонро ба 9 адад расонида, садрнишини гурӯҳи «В» гардиданд.

Дастаи мунтахаби ҷавонони  Тоҷикистон бо доштани 6 имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвал маскан гирифт. Дар айни замон дастаи мунтахаби  Тоҷикистон дар қатори чаҳор дастаи беҳтарин, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дуюмро касб кардаанд, қарор дорад. Аммо оё дастаи  мо соҳиби роҳхат ба Ҷоми Осиё-2022 мешавад, ин ба натиҷаи бозии дастаҳои  мунтахаби ҷавонони Ветнам ва Мянмар, ки 2   ноябр дар  шаҳри Бишкек баргузор мешавад, вобастагӣ дорад. Агар яке аз дастаҳо бо ҳисоби ғайр аз 4:3 (5:4, 6:5 ва ғайра) пирӯз шавад, онгоҳ дастаи мунтахаби ҷавонони  Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат хоҳад гирифт. Агар ин бозӣ бо ҳисоби 3:2 анҷом ёбад, он гоҳ кортҳои зард ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022

Гурӯҳи «В»

Эрон (U23) 3:2 Тоҷикистон (U23)

Голҳо: Ислом Зоиров 10′, Ёсин Салмонӣ 13′, 19′ , Эҳсони Панҷшанбе 22′, Ёсин Салмонӣ 45′

Марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Осиё-2022

Гурӯҳи «В» (бозии 2-юм)

«Тоҷикистон »(U-23 ) 6:0 «Непал» (U-23)
Голҳо:
 Шервонӣ Мабатшоев 24′, Шарафҷон Солеҳов 32′, Рустам Соиров 39′, Муҳаммадалӣ Азизбоев 61′, Ваҳдат Ҳанонов 68′ (пен.),  Эмомалӣ Аҳмадҷон 72′.

Ёдовар мешавем, ки 26 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни футболбозони то 23-сола дар гурӯҳи «В» оғоз ёфта буд. Дар даври аввал дастаи мунтахаби ҷавонони  то 23-солаи  Тоҷикистон   бо роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев бар дастаи мунтахаби ҷавонони  Лубнон бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.

Голи ягонаи рақобатро ҳимоятгари дастаи футболи   «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Ваҳдат Ҳаннонов дар дақиқаи 87-ум ба нишон расонид. Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи мунтахаби ҷавонони  Эрон ба дарвозаи дастаи мунтахаби ҷавонони Непал 4 голи беҷавоб зада буд.

Бозиҳои оянда:

Даври 2-юм

28 октябр (панҷшанбе)

16:00. Лубнон – Эрон 0:2

19:00. Непал – ТОҶИКИСТОН 0:6

 АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Latest news

Хуршед Каримзода ва Ғода Волӣ таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо UNODC-ро баррасӣ намуданд

Масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) имрӯз...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд

Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти...

Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус аз Суғд боздид мекунад

2-4 декабр ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар ба вилояти Суғд сафари...

Related news