-8.7 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

Намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон ба Туркия сафар карданд

Имрӯз намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон барои омӯзиши таҷриба, барқарор кардани робитаҳои нави тиҷоратӣ дар минтақа ва роҳандозии ҳамкорӣ ба Туркия сафар намуданд, хабар доданд аз Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон.

Сафари мазкур бо ибтикор ва пешбурди Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX) созмон дода шудааст. Туркия яке аз истеҳсолкунанда ва содироткунандаи бузургтарини маҳсулоти нассоҷӣ дар ҷаҳон бо таърихи куҳани соҳа маҳсуб мешавад.

Ҳайати Тоҷикистон аз роҳбарон ва намояндагони 12 корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, ду ширкати консалтингӣ, Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буда, ҳадаф аз сафар  шиносоии намояндагони соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон бо занҷираи арзиши иловашудаи соҳаи нассоҷӣ дар минтақаҳои Истанбул ва Бурса мебошад.

Интизор меравад, ки роҳбарони ширкатҳои тоҷик бо ҳамтоёни турк робитаҳои нави тиҷоратӣ барқарор намуда, бозори ашёи хому фазои фурӯшгоҳҳои чаканаи маҳсулоти соҳаро меомӯзанд. Онҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳо ва сиёсатгузориҳои соҳавӣ дар Туркия, ба мисли молиёт ва андоз, тартиби содироту воридот, дастрасӣ ба маблағгузорӣ ва пуштибонии давлат аз соҳа маълумот мегиранд. Вохӯриҳо бо иттиҳодияҳои соҳавӣ барои эҷоди ҳамкорӣ дар оянда замина фароҳам хоҳад овард.

Илова бар ин, ҳайати Тоҷикистон аз ширкатҳои истеҳсолии Туркия боздид ба амал оварда, бо технология ва равандҳои истеҳсолии ин корхонаҳо шинос мешавад ва таҷрибаи онҳоро меомӯзад. Боздид ва шиносоӣ бо марказҳои тиҷоратӣ ва фурӯшгоҳҳои чакана низ дар нақша аст.

Ҳамчунин ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни иттиҳодияҳо ва ниҳодҳои хизматрасони тиҷоратии Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ мешавад.

Инчунин соҳибкорони ду кишвар дар дидорҳои дуҷонибаи тиҷоратӣ (B2B) ҳамкорӣ дар масъалаҳои гуногун, аз ҷумла эҳтимоли бунёди ширкатҳои муштаракро баррасӣ хоҳанд кард.

Сафари омӯзишии намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон то 6 ноябр идома меёбад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Хуршед Каримзода ва Ғода Волӣ таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо UNODC-ро баррасӣ намуданд

Масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) имрӯз...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд

Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти...

Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус аз Суғд боздид мекунад

2-4 декабр ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар ба вилояти Суғд сафари...

Related news