-12.1 C
Tajikistan
Saturday, December 4, 2021

Маҷлиси намояндагон: Ҷавобгарӣ барои баъзе қонунвайронкуниҳо ба муқобили тартиботи ҷамъиятӣ пурзӯр мегардад

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Вакили Маҷлиси намояндагон Равшан Раҷабзода зимни баррасии санади мазкур иброз намуд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои баъзе қонунвайронкуниҳо ба муқобили тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла қонунвайронкуниҳои аз тарафи пиёдагардон содиршуда таҳия гаштааст.

Тибқи лоиҳа, дар самти ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт ва дар соҳаи таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба манзил, хоҷагии коммуналӣ, ободонӣ ҷаримаҳо ба андозаи муайян зиёд карда мешаванд.  Дар асоси лоиҳа ба боби 19 (ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) тағйирот ворид карда мешавад, ки мувофиқи он дар санксияҳои қисмҳои 1 ва 2 моддаи 340 «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накардани пиёдагардон ва дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ» ҷаримаи маъмурӣ мувофиқан аз ҳаштяк то нисф ва аз нисф то як ба аз як то ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд карда мешавад.

Мувофиқи лоиҳа ба боби 25 (ҳуқуқвайронкунии маъмурӣдар соҳаи таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба манзил, хоҷагии коммуналӣ, ободонӣ) иловаи нав  ба моддаи 451 ворид мегардад, ки тибқи он қисми 2 бо чунин мазмун «Барои аз сабзазор ё гулзори ҳамшафати роҳҳо ва боғҳои ҳудуди шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин гузаштан, ба истиснои сабзазоре, ки бо мақсадҳои сайругашт ё истироҳату фароғат пешбинӣ шудаанд» илова карда мешавад. Ҷаримаи чунин ҳуқуқвайронкунӣ ба андозаи аз нисф то як нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаҳои 1, 10, 14, 17, 36, 42-и  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 83-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.

АКС: МН МО ҶТ

Latest news

Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд

 Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея дар бахши сайёҳӣ зимни мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода бо ҳаммуассиси...

Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муқовимат бо коррупсия ва Рӯзи ҳуқуқи инсон 3 декабр дар факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди...

17 декабр дар Душанбе Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад

17 декабр дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо...

Ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА дар соҳаи озодии баён ва матбуот баррасӣ гардид

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО Тереза Рибейро 2 декабр дар Стокҳолм  баргузор...

Related news