-5.1 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

Вобаста ба татбиқи Лоиҳаи «Беҳтар намудани иммунизатсия дар овони барвақтии кӯдакон» ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Ҷамолиддин Абдуллозода маросими баимзорасии Ёддошти тафоҳум миёни Сафорати Япония ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Лоиҳаи «Беҳтар намудани иммунизатсия дар овони барвақтии кӯдакон» баргузор шуд. Лоиҳаи мазкур  аз ҷониби Ҳукумати Япония дастгирӣ ёфта, дар доираи он давоми се соли оянда харидории ваксинаҳои сурхча-баногӯшак-гулафшон, гепатити Б, маводи иммунизатсионӣ, устувор намудани занҷири хунуктаъминкунанда ва мониторинги иҷрои Барномаи миллии иммунопрофилактика дар саросари ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иттилоъ доданд, Ҷамолиддин Абдуллозода аз ҳамкории Вазорати тандурустӣ бо кишвари Япония ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ёдовар шуда, баимзорасии ёддошти мазкурро идомаи ҳамкории мутақобилан судманди сеҷониба арзёбӣ намуд.

Ёддошти мазкурро Сафири Япония дар Тоҷикистон Такаюки Мияшита ва Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави ба имзо расониданд.

Ҳукумати Япония аз солҳои аввали соҳибистиқолӣ кумаки худро ба Тоҷикистон дар самти  мубориза бар зидди бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда мерасонад. Соли 2008 бо мақсади сари вақт ва сифатнок дастрас намудани ваксинаҳо ба вилоят ва минтақаҳои ҷумҳурӣ бо дастгирии Агентии Япония оид  ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) нақлиёти махсуси бо яхдон таҷҳизонидашуда (авторефрижерактор) харидорӣ шуда, ба Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» тақдим гардид.

Маҳз бо дастгириҳои назарраси Ҳукумати Япония Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист сатҳи фарогирии иммунизатсияи кӯдаконро бар зидди бемориҳои сироятии ба воситаи ваксина идорашаванда дар мамлакат дар саҳти баланд нигоҳ дорад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Latest news

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд

Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти...

Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус аз Суғд боздид мекунад

2-4 декабр ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар ба вилояти Суғд сафари...

Русия муассисаҳои таълимии Тоҷикистонро бо омӯзгорони рус таъмин менамояд

Имрӯз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзори Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ташкили...

Related news