-8.7 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

Тоҷикистони ва Узбекистон. Ҳамкориҳо дар соҳаи варзиш

Дар шаҳри Тошканд, дар бинои Кумитаи миллии олимпии Узбекистон мулоқоти Раиси Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи ғайрикасбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷураев Даврон Музафарович ва муовини аввали ӯ Хоҷаев Бахтиёр Тоҳирович бо Президенти Кумитаи миллии олимпии Узбекистон Шаабдурахмонов Рустам Мавзурович, муовини раиси Кумитаи миллии олимпии Узбекистон, муовини якуми раиси Ассотсиатсияи муҳорибаҳои омехтаи Узбекистон Тошматов Шерзод Рихсибоевич ва муовини раиси Кумитаи миллии олимпӣ ва  раиси федератсияи дзюдои Узбекистон Комилов Азизҷон Яқубҷонович баргузор гардид. Ҳамкориҳои Тоҷикистону Узбекистон дар соҳаҳои гуногун торафт ташаккул ёфтаистодааст, ки ин барои ду халқи бародар хеле манфиатовар мебошад. Федератсияи санъати муҳорибаҳои омехтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои ҳамкории амиқ ва мутақобилан судманд дар бахшҳои мухталаифи варзиш бо кишвари ҳамсоя ва бо минтақаи Осиё  ҳамкории худро ба роҳ монда истодааст. Новобаста аз шароити пандемияи COVID-19, ки дар саросари ҷаҳон идома дорад, федератсия дар сатҳи системавӣ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидор ва рушди устувори варзиш дар минтақа чораҳои фаъол андешида истодааст. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи варзиш, таҳким ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаи муҳорибаи омехта, табодули таҷриба ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҷонибҳо дар самти чорабиниҳои варзишӣ дар асоси принсипҳои баробарӣ, эҳтиром ва сохибихтиёрии тарафхо муҳокима шуданд. Ҷонибҳо изҳори итминон карданд, ки созишхои ҳосилшуда ба рушди робитаҳои судманд дар бахшњои мухталифи варзиш ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои неки ҳамсоягӣ хизмат хоҳанд кард

Latest news

Хуршед Каримзода ва Ғода Волӣ таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо UNODC-ро баррасӣ намуданд

Масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) имрӯз...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд

Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти...

Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус аз Суғд боздид мекунад

2-4 декабр ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар ба вилояти Суғд сафари...

Related news