-21.5 C
Tajikistan
Monday, January 24, 2022

Китоби «Тоҷикон» — туҳфаи арзишманди Пешвои миллат ба сокинони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе тақдим мегардад

Имрӯз туҳфаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — китоби «Тоҷикон» ба ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе расид. Теъдоди китоби мазкур 25 ҳазору 96 ададро ташкил дода,   аз номи Пешвои миллат ба ҳар оилаи ноҳияи мазкур тақдим мегардад, иттилоъ доданд аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ.

Дар ҳукумати ноҳия аз ҳисоби раисони маҳаллаҳо ва кормандони мақомоти иҷроия гурӯҳи корӣ ташкил гардида, аъзои гурӯҳи мазкур ин  туҳфаро ба ҳар оилаи ноҳия мерасонанд.

Зикр гардид, ки мақсади асосии  чунин иқдом- шиносоӣ бо гузаштаи  пурифтихори халқи тоҷик ва дар ин замина баланд бардоштани ҳисси худшиносии насли имрӯзу фардои миллат мебошад. Мутолиаи шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров- китоби «Тоҷикон»  барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ  муҳим арзёбӣ гардида, ин иқдоми наҷибонаи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоистаи таҳсину ситоиши ҳамагон аст.

Мавриди зикр аст, ки китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп гардида, аз номи Сарвари давлат  ҳамчун туҳфа ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар оилаи мамлакат тақдим мегардад. Ин ганҷинаи пурарзиш-  китоби «Тоҷикон» барои ҳар фарди Тоҷикистон  сарчашмаи муҳими худомӯзӣ  мебошад ва ҳар хонанда метавонад аз он баҳра бардошта, донишашро такмил  диҳад.

Китоби «Тоҷикон» барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани анъанаҳои  неки ниёгон тарбия намудани наврасону ҷавонон аз аҳамияти муҳим бархӯрдор аст. Ин шоҳасар  насли имрӯз ва ояндаи миллатро ба он ҳидоят менамояд, ки аз гузашта сабақ гирифта, бо мутолиаи ин асари пурарзиш  аз таърихи гузаштаи миллати тамаддунофари худ огоҳ  гарданд.

АКС аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И. Сомонӣ

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2022 ОИД БА ФУТЗАЛ. Дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Қирғизистон нахустбозиро мусовӣ анҷом доданд

Дар Маҷмааи универсалии варзишии Душанбе 21 январ чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оид ба футзал миёни дастаҳои мунтахаби занона оғоз гардид....

Нашриёти «Ирфон» барои тарғиби китоб дастури муфид ва муҳим ба нашр расонид

Муассисаи нашриявии «Ирфон» дар заминаи нақшаи фаъолияти корӣ, нақшаи мавзӯии нашри китоб барои соли 2022, рӯйхати китобҳои дар анбор маҳфуз, рӯйхати муаллифони...

Хатлон: Озмуни вилоятии «Неруи сухан» дар Рӯзи матбуоти тоҷик ҷамъбаст мегардад

Имрӯзҳо қабули маводи довталабон ба озмуни вилоятии эҷодӣ барои дарёфти Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон таҳти унвони «Неруи сухан» ҷараён дорад. Соли 2022...

ИМРӮЗ БА ТАЪСИСИ МАҚОМОТИ ГУМРУКИ ТОҶИКИСТОН 30 СОЛ ПУР ШУД. Гумрукчиёни тоҷик соли 2021 ба буҷети давлатӣ қариб 7 миллиард сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид...

Мақомоти гумруки Тоҷикистон аз барзиёд иҷро гардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2021 мужда расонид. Соли сипаригардида ба ҷойи 5 миллиарду 965,8...

Related news