Аз 23 октябр то 2 ноябр бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Аморати Муттаҳидаи Араб дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» кӯдакони дорои нуқсони модарзодии дил ҷарроҳии ройгон карда мешаванд, иттилоъ доданд аз Маҷмааи тандурустии «Истиқлол».
Мақсад аз роҳандозӣ намудани иқдоми мазкур дастгирӣ ва кумак намудан ба оилаҳои камбизоатест, ки кӯдакони гирифтори бемориҳои нуқсони дили модарзодӣ доранд.
Кӯдакону наврасони то 18-сола, ки нуқсони модарзодии дил доранд, метавонанд бо маълумотномаи камбизоатӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат муроҷиат кунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ дар кӯдакону наврасони гирифтори бемории нуқсони модарзодии дил мутахассисони варзидаи тоҷик низ иштирок менамоянд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»