-8.7 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар нуҳ моҳ ба зиёда аз 600 ҳазор мусофир хизмат расонид

Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар нуҳ моҳи соли равон ба беш аз 600 ҳазор нафар мусофир хизмат расонидааст, ки ин омор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 225 ҳазор  нафар зиёд аст. Тавре Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иттилоъ медиҳад,  дар ҳамин давраи соли гузашта фурудгоҳ ба 387 ҳазор нафар  мусофир хизмат расонида буд.

Миқдори умумии бор ва почтаи аз ҷониби терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе қабулгардида ва интиқолёфта дар  ин давра беш аз 965 тоннаро ташкил медиҳад, ки дар қиёс нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 152,6 фоиз ё  583,4 тонна зиёдтар аст. Ҳамзамон дар ин давра тавассути терминали боркашонии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе беш аз 46 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат содирот карда шуд.

Дар масъалаи наомадан, осеб дидан ва гум шудани бағоҷҳо аз ҷониби мусофирон 69 эрод ворид гардида,  67 эрод қонеъ гардонида шуд.

Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе аз ҷониби 14 ширкати ҳавопаймоӣ, аз ҷумла 5 ширкати ҳавопаймоии кишварҳои хориҷи дур, 7 ширкати ҳавопаймоии давлатҳои ИДМ ва 2 ширкати ватанӣ –«Сомон Эйр» ва «Тоҷик Эйр» амалӣ карда мешаванд. Аз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба 13 шаҳри Русия, инчунин ба пойтахт ва шаҳрҳои калони  Қазоқистон, Узбекистон, Олмон, Чин,  Эрон, Туркия, Ҳиндустон ва Аморати Муттаҳидаи Араб парвозҳо сурат мегиранд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

30 ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси...

Дар Маҷлиси намояндагон оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоот ҳамоиш доир шуд

Имрӯз бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар мавзӯи «Ташаббус оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси...

Хуршед Каримзода ва Ғода Волӣ таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо UNODC-ро баррасӣ намуданд

Масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) имрӯз...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Related news