-8.7 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

Миссияи нозирони ИДМ: Интихоботи президентӣ дар Узбекистон демократӣ ва шаффоф гузашт

“Мо ба хулосае омадем, ки интихобот дар Узбекистон ошкоро, демократӣ ва шаффоф баргузор шуд”, — гуфт муовини аввали Раиси Маҷлиси намояндагон, Ҳамоҳангсози гурӯҳи мониторинг аз АБ ИДМ Маҳмадалӣ Ватанзода имрӯз зимни нишасти матбуотии миссияи нозирони Ассамблеяи Байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон, ки дар он натиҷаҳои мониторинги байналмилалии маъракаи интихобот ҷамъбаст карда шуд.

Ҳамоҳангсози гурӯҳи мониторинг аз АБ ИДМ Маҳмадалӣ Ватанзода иброз намуд, ки дар ҷараёни мониторинги дарозмуддат қонунгузории интихоботи ҷумҳурӣ таҳлил карда шуд — коршиносон ба хулосае омаданд, ки он ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ аст. Маҳмадалӣ Ватанзода сатҳи баланди омодагии раисон ва аъзои комиссияҳои интихоботро шарҳ дода, иброз намуд, ки «онҳо ба ҳама саволҳои мо фавран ҷавоб доданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Комиссияи марказии интихобот дар ин самт кори бузурге кардааст»

Мавсуф ҳамзамон иброздошт, ки омодагӣ ба интихобот ба таври муташаккилона ва дар сатҳи баланд сурат гирифт.

Ҳамоҳангсоз аҳамияти мусбати тағйиротеро, ки ба қонунгузории интихоботи Узбекистон «мувофиқи замон ва тавсияҳои нозирони байналмилалӣ» ворид шудааст, зикр кард. Ӯ инчунин таваҷҷуҳро ба навовариҳое ҷалб кард, ки интихоботро боз ҳам ошкоро ва демократӣ кардаанд. Дар байни онҳо таъсиси рӯйхати ягонаи электронии овоздиҳандагон хеле мусбат арзёбӣ гардид.

Дар чорабинии сиёсӣ роҳбари ҳайати нозирони ИДМ, раиси Кумитаи иҷроия — котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев, муовини аввали раиси МН МО ҶТ Маҳмадалӣ Ватанзода, дабири кулли Шӯрои АБ  ИДМ Дмитрий Кобитский, вакилон ва намояндагони комиссияҳои марказии интихоботии кишварҳои ИДМ иштирок доштанд.

Нозирон ба таҷҳизоти техникӣ, дастгирии иттилоотии интихобот, инчунин инъикоси васеи маъракаи интихобот дар ВАО баҳои баланд доданд.

Сергей Лебедев таъкид кард, ки барои ҳайати нозирони ИДМ тамоми имконоту шароит фароҳам оварда шудааст: «Ҳама дарҳо ба рӯи мо боз буданд, мо ҳама маълумоти заруриро гирифтем»,- изҳор дошт ӯ.

Иштироки панҷ номзад дар интихобот аз рақобатпазирии интихоботи президентии Узбекистон шаҳодат медиҳад, хулоса карданд нозирони ИДМ.  Дар баробари ин маърака оромона гузашт. «Мо набудани «пиари сиёҳ» ва рақобатпазирии солимро қайд мекунем», — таъкид кард роҳбари намояндагии ИДМ.

Нозирон ба хулосае омаданд, ки маъракаи интихоботӣ дар Узбекистон ҳуқуқи шаҳрвандони Узбекистонро барои озодии иродаи худ таъмин кардааст. Интихобот комилан мувофики конунгузории ҷумҳурӣ ва мувофики принсипҳои аз тарафи умум эътирофшудаи демократӣ гузашт.

Сергей Лебедев ба расонаҳо хабар дод, ки хулосаи нозирони байналмилалӣ пас аз эълони расмии натиҷаҳои интихоботи Президентии Узбекистон нашр хоҳад шуд.

Ба гуфтаи нозирони АБ ИДМ, барои ҳамаи номзадҳо дар интихоботи президентии Узбекистон ҳам аз ҷиҳати маблағгузорӣ ва ҳам аз ҷиҳати фароҳам овардани имконот барои пешбурди маъракаи пешазинтихоботӣ ва дигар масъалаҳо шароити баробар фароҳам оварда шудааст.

Манбаъ: МН МО ҶТ

Latest news

Хуршед Каримзода ва Ғода Волӣ таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо UNODC-ро баррасӣ намуданд

Масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) имрӯз...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд

Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти...

Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус аз Суғд боздид мекунад

2-4 декабр ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар ба вилояти Суғд сафари...

Related news