-8.7 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

Маркази ёрии ҳуқуқии Вазорати адлия ба беш аз 87 ҳазор шаҳрванд ёрии ҳуқуқӣ расонидааст

Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ» аз соли 2016 то моҳи октябри имсол ба зиёда аз 87 ҳазор нафар шаҳрвандон ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа расонидааст. Ин нукта имрӯз зимни баргузории конфронс бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5- солагии таъсиси Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  баргузор шуд, баён гардид.

Дар ҳамоиш беш аз 100 нафар намояндагони сохторҳои давлатӣ, созмонҳои ҷамъиятию байналмилалӣ, ташкилоти адвокатӣ иштирок намуданд.

Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён изҳор дошт, ки дастрасӣ ба адолати судӣ яке аз ҳуқуқҳои асосие мебошад, ки ҳам бо меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва ҳам бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода шуда, бидуни он ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеаи муосир ғайриимкон аст. «Яке аз ҷанбаҳои муҳими дастрасӣ ба адолати судӣ ҳуқуқи гирифтани ёрии ҳуқуқии тахассусӣ аст ва он ба ҳамаи шахсоне, ки имкони пардохт кардани чунин хизматрасониро надоранд, кафолат дода мешавад»,-изҳор дошт М.Ашӯриён.

Бояд гуфт, ки пешниҳоди ёрии ҳуқуқии ройгон дар кишвар бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони байналмилалӣ, Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ва филиали Ассотсиатсияи «Ҳелветас Свисс Интеркооперейшен» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария ва Вазорати корҳои хориҷии Финландия амалӣ карда мешавад.

Ба гуфтаи Намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Пратибҳа Меҳта, ба гирифтани ёрии ҳуқуқӣ ҳамаи одамон ҳуқуқ доранд. Агар тамоми шаҳру ноҳияҳо бо фаъолияти самарабахши ҳуқуқшиносони давлатӣ фаро гирифта шаванд, мувофиқи мақсад хоҳад буд. «Хизматрасонии як ҳуқуқшиноси давлатиро дар якчанд ноҳияҳо метавон таъмин кард. Истифода аз шаклҳои хизматрасонии инноватсионӣ, ба мисли пешниҳоди ёрии ҳуқуқии якумдараҷаи сайёр ва онлайнӣ ҳам бамаврид аст»,- мегӯяд ӯ.

Дар ҷараёни ҳамоиш зикр шуд, ки айни замон ҳуқуқшиносони давлатӣ ба сокинони 34 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон ёрии ҳуқуқии ройгони якумдараҷа мерасонанд. Ҳамчунин дар ду вилоят- Суғд ва Хатлон аз ҷониби ҳимоятгарон ёрии ҳуқуқии ройгони дуюмдараҷа пешниҳод карда мешавад.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015 Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудааст. Мақсади он ташаккул додани асосҳо барои инкишоф ва мукаммалгардонии минбаъдаи низоми давлатии ёрии ҳуқуқии ройгони дастрас ва ихтисоснок барои аҳолӣ мебошад.

Барои татбиқи Консепсия бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 ноябри соли 2015 Муассисаи давлатии «Маркази ёрии ҳуқуқӣ»-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Ёрии ҳуқуқии якумдараҷа шакли хизматрасонии ҳуқуқиест, ки ба шахсони воқеӣ бо роҳҳои фаҳмондадиҳии ҳуқуқу уҳдадориҳо, маслиҳатдиҳӣ ва тартиб додани ҳуҷҷатҳои дахлдор амалӣ карда мешавад. Ёрии ҳуқуқии дуюмдараҷа шакли хизматрасонии ҳуқуқиест, ки аз тарафи давлат кафолат дода шуда, дар асос ва бо тартиби пешбининамудаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва гражданӣ аз ҷониби адвокат ва ҳуқуқшиноси давлатӣ амалӣ карда мешавад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Хуршед Каримзода ва Ғода Волӣ таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо UNODC-ро баррасӣ намуданд

Масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) имрӯз...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд

Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти...

Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус аз Суғд боздид мекунад

2-4 декабр ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар ба вилояти Суғд сафари...

Related news