-8.7 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

Ба Қонун «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» тағйиру иловаҳо ворид мегарданд

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда» баррасӣ гардид.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Ҷумазода, Фирӯза Муъминова ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Ашурзода пешниҳод гардидааст.

Зимни баррасии ин масъала раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода  иброз намуд, ки мақсад аз пешниҳоди лоиҳа мутобиқгардонии меъёрҳои қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартараф намудани норасоиву носаҳеҳияти меъёрҳои алоҳидаи қонуни амалкунанда, мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор додани баъзе муносибатҳое, ки дар қонуни амалкунанда пешбинӣ нашудаанд, мебошад.

Дар лоиҳаи қонун ба моддаи 1 сархати панҷум илова гардида, он шарҳи сифати маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашударо, ки дар матни қонун ҷой дорад, муайян намуда, ба қисми 2 моддаи 3 пас аз калимаи «содиркунандагон» калимаи «воридкунандагон» бояд илова карда шавад, дар ин рабт доираи субъектоне, ки нисбат ба онҳо қонун татбиқ мегардад, васеъ карда шудааст.

Дар сархати дуюми моддаи 4 ва матни Қонун бо назардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба меъёрдарории техникӣ» калимаҳои «(ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ)» ба калимаҳои «(санадҳои меъёрии техникӣ)» иваз карда шудаанд, зеро ғанигардонии маҳсулоти хўрокворӣ на танҳо тавассути қонуни амалкунанда, балки санадҳои меъёрии техникӣ, яъне регламентҳои техникӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, ба роҳ монда мешавад.

Бо илова ба моддаи 8 татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти пешгирии норасоии микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба он ба доираи ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ мансуб дониста шудааст.

Лоиҳаи Қонуни мазкур ба талаботи моддаҳои 5 ва 13 -и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагӣ талаб наменамояд.

ДАР АКС: вакили Маҷлиси намояндагон Рустам Латифзода. Акс аз МН МО ҶТ

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

30 ноябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси...

Дар Маҷлиси намояндагон оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоот ҳамоиш доир шуд

Имрӯз бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар мавзӯи «Ташаббус оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси...

Хуршед Каримзода ва Ғода Волӣ таҳкими ҳамкории мақомоти гумруки Тоҷикистон бо UNODC-ро баррасӣ намуданд

Масъалаҳои мубрами тавсеаи ҳамкорӣ миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) имрӯз...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Related news