-8.2 C
Tajikistan
Wednesday, January 19, 2022

ОЗОДАПАЛАНГИ ТОҶИКИСТОН, ЭҲЁИ ДУБОРАИ ВАТАН БОШ! Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии паланг

Имрӯз, 23 октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии паланг таҷлил мегардад, ки он моҳи ноябри соли 2010 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, дар Форуми байналмилалӣ оид ба масоили вобаста ба ҳифзи паланг дар рӯи Замин таъсис дода шудааст. Дар Тоҷикистон низ ин сана ҳамасола ҷашн гирифта мешавад.

Бояд гуфт, ки омилҳои босуръат афзудани таъсири инсон ба муҳити зист миқдори намудҳои ҳайвоноте, ки онҳоро хатари маҳвшавӣ таҳдид менамояд, сол аз сол меафзояд. Яке аз намуди ҳайвоноти нодире, ки имрӯз таҳти назорати доимӣ қарор дорад, Бабри барфӣ мебошад. Дар рӯи замин танҳо 12 кишвар дар табиати озод ифтихори доштани бабри барфӣ ё озодапалангро доранд. Тоҷикистон низ дар рӯйхати ин кишварҳо шомил шудааст.

Бабри барфӣ рамзи экосистемаҳои кӯҳии Тоҷикистон ба шумор рафта, барои ҳифз ва барқарор намудани саршумори ин намуди ҳайвони нодир аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони  Маркази солимгардонии ҳайвоноти нодири Тоҷикистон идома дорад.

Тавре аз  Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба  АМИТ «Ховар» хабар доданд, барои сохтмони маркази мазкур 10 гектар қитъаи замин дар мавзеи Ҷамантал ҷудо гардида, корҳои сохтмонӣ аз аввали моҳи сентябри соли равон оғоз гардида, то ба имрӯз 20%-и он ба анҷом расонида шудааст.

Маркази солимгардонӣ аз нуқтаи санитарӣ, минтақаи карантинӣ ва манораи мушоҳида барои сайёҳон иборат аст. Муҳлати сохта ва ба истифода додани Маркази солимгардонии ҳайвоноти нодири Тоҷикистон то соли 2022 ба нақша гирифта шудааст. Мақсади асосии сохтмони маркази солимгардонӣ- ин барқарор намудани саршумори Бабри барфӣ ва табобат намудани онҳо ҳангоми маризӣ мебошад.

Хотиррасон мешавем, ки дар Тоҷикистон тайи 50 соли охир шикори ин ҳайвони ваҳшӣ манъ аст ва ҳифзу  нигоҳдории он яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист мебошад.

Паланг яке аз он ҷонваронест, ки бо таъсири тағйирёбии табиат ва  хусусан  шикори бераҳмонаи инсонҳо ба он хатари нестшавӣ таҳдид дорад. Аз соли 1947 шикори  паланг қатъиян манъ шудааст.

Мутаассифона, дар табиати ваҳшӣ, дар тамоми олам ҳамагӣ на беш аз панҷ ҳазор паланг боқӣ мондааст ва ин миқдор ҳам пайваста коҳиш меёбад. Солҳои охир теъдоди ин ҷонвар 25 баробар кам гардида, имрӯз ба он хатари нестӣ таҳдид дорад. Дар бисёр мавридҳо паланг қурбонии шикорчиён (браконерҳо) мегардад. Ва ин масъала наметавонад инсониятро ба изтироб наорад.

Дар Тоҷикистони мо  бо номи “Бешаи палангон”  мавзее вуҷуд дорад, ки ин номро ба хотири паланги номдораш гирифта буд. Охирин бор палангро дар ин беша соли 1957 дида буданд.

Хушбахтона, як намуди паланги кӯҳӣ, ки бабри барфӣ ё озодапаланг ном бурда мешавад, ҳанӯз дар баландкӯҳҳои  Тоҷикистон маскун аст, ки шумораи он низ башумор мондааст.

Озодапаланг ё бабри барфӣ дар 12 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон  сукунат дорад. Оид ба стратегияи давлатию миллии Тоҷикистон дар ҳифзи озодапаланг ва ташаббусҳои ҷаҳонӣ барои ҳимояи ин ҷонвари нодир борҳо гуфта шудааст.

зодапаланг ҳайвони ваҳшии нодиртарин  маҳсуб шуда,  ба “Китоби сурх”-и ҷаҳонӣ (1963) ва “Китоби сурх”-и Тоҷикистон (1988) дохил гардидааст.  Озодапаланг зеботарин ҷонвари кӯҳӣ шинохтаву эътироф шудааст.  Мавҷуд будани имкони зисти он дар ҳар давлат, аз ҷумла  дар Тоҷикистони биҳиштосои мо нишони поктарин экосистема дар ин сарзамин аст.

Бояд бо қаноатмандӣ гуфт, ки ҳимояи озодапаланг дар  Тоҷикистон таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ва мардуме, ки наздик ба  ҳудуди зисти ин ҷонвари нодир сукунат доранд,  қарор гирифтааст.

Хушбахтона, озодапаланг имрӯз дар Тоҷикистон рамзи ифтихори миллӣ гардидааст.

Чакомаи шоир ва публисист, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол НАСРУЛЛО, ки дар зер пешниҳоди хонандагон мегардад,  ба озодапаланг бахшида шудааст.

ОЗОДАПАЛАНГИ ТОҶИКИСТОН

Озодапаланги Тоҷикистон, эҳёи дубораи Ватан бош!

Дар қуллаи кӯҳҳои Помир бархезу дубора гомзан бош!

Озодапаланги Тоҷикистон, эй рамзи виқору нанги меҳан,

Хоҳам хезад зи гомҳоят оҳанги навои санги меҳан.

Эҳёи дубораат бихоҳам, баргард чу ҳуши кӯҳсорон,

Бе ту на шукӯҳу не виқор аст, эй шоҳи вуҳуши кӯҳсорон.

Озодагӣ суннатест дерин, к-аз суннати неки тоҷикон аст,

Озодапаланги Тоҷикистон дар рамз яке намои он аст.

Озодагии Ватан ҳувайдост дар манзараҳои дилситонаш,

Дар чашмаю обшори покаш, дар дидаи сабзи оҳувонаш.

Озодагии ватан ҳувайдост дар мурғи ҳилолу кабки сураш,

Дар зиндагии ҳалолу поки мардони баору пурсабураш.

Озодапаланг аз он биноманд, к-озода ба сар барад ҳаёташ,

Покизаамал бувад ба ҳар кор, аз суннати мост илтифоташ.

Озодапаланг аз он биноманд, к-озодагияш ҳаме аён аст,

Дар нисбати одамин ҳамеша озод зи кинаву зиён аст.

Озодапаланг — бабри барфӣ, як пайкара рамзи шанги мо бош,

Тандеси шуҷоату ниёиш дар қуллаи кӯҳу санги мо бош!

Имрӯз ту рамзи кӯҳсорӣ, рамзи хирадию бурдборӣ,

З-ин рӯй ҳамеша бош подор, чун ҳуҷҷати ифтихор дорӣ.

Озодии миллате ба рамзат имрӯз ба сад намо ҳувайдост,

Озода бимону озарогин, к-ин суннати халқу миллати мост!

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2020» муаррифӣ гардид

Дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2020», ки дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҷараён дорад, 9 январ Ҳафтаи сайёҳии Тоҷикистон оғоз гардид, ки...

83 нафар хатмкунандагони зинаи магистратураи хизматчиёни давлатӣ соҳиби диплом гардиданд

 83 нафар хатмкунандагони зинаи магистратураи хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби диплом гардиданд. Маросими тақдими...

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон марҳилаи аввали омодагӣ ба Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022-ро анҷом дод

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон марҳилаи аввали омодагӣ ба Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022-ро, ки аз 10 то 12 апрел дар Бишкек баргузор мешавад,...

Тақвими бозиҳои чемпионати CAFA-2022 оид ба футзал байни дастаҳои занона тасдиқ шуд

Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ тақвими бозиҳои чемпионати CAFA-2022 оид ба футзал байни дастаҳои занона, ки  аз 19 то 29 январ дар  шаҳри...

Related news

Зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2020» муаррифӣ гардид

Дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии «ЭКСПО-2020», ки дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҷараён дорад, 9 январ Ҳафтаи сайёҳии Тоҷикистон оғоз гардид, ки...

83 нафар хатмкунандагони зинаи магистратураи хизматчиёни давлатӣ соҳиби диплом гардиданд

 83 нафар хатмкунандагони зинаи магистратураи хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби диплом гардиданд. Маросими тақдими...

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон марҳилаи аввали омодагӣ ба Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022-ро анҷом дод

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон марҳилаи аввали омодагӣ ба Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022-ро, ки аз 10 то 12 апрел дар Бишкек баргузор мешавад,...

Тақвими бозиҳои чемпионати CAFA-2022 оид ба футзал байни дастаҳои занона тасдиқ шуд

Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ тақвими бозиҳои чемпионати CAFA-2022 оид ба футзал байни дастаҳои занона, ки  аз 19 то 29 январ дар  шаҳри...