-0.1 C
Tajikistan
Wednesday, March 29, 2023

Нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон мулоқот карданд

Имрӯз дар  шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон  нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  (ИДМ) таҳти роҳбарии ҳамоҳангсози гурӯҳ, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Узбекистон  Фарход Арзиев мулоқот намуданд.

Дар мулоқот  ҷанбаҳои гуногуни омодагӣ ба овоздиҳӣ, пеш аз ҳама ташкили мушоҳидаҳои байналмилалӣ дар қитъаҳои интихоботӣ, таъмини амалӣ намудани изҳори ирода барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар хориҷи кишвар ҳастанд, баррасӣ шуд.

Фарход Арзиев зикр намуд, ки  54 қитъаи интихоботӣ дар 38 кишвари ҷаҳон кушода шуда, илова бар ин, беш аз 300 нуқтаи сайёр барои овоздиҳии пеш аз муҳлат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Узбекистон дар ҷойҳои иқоматашон дар хориҷа ташкил карда шудааст.

Ба гуфтаи Фарҳод Арзиев,  Вазорати корҳои хориҷии Узбакистон барои иштироки нозирон дар  интихоботи қарибулвуқӯъ ба 21 созмони байналмилалӣ даъватнома фиристодааст.

Нозирон аз АБ  ИДМ ба вазир дар бораи принсипҳои гурӯҳи мониторинг ва барномаи кори он дар рӯзи овоздиҳӣ 24 октябри соли 2021 маълумот доданд.

Нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ на танҳо дар Тошканд ва  минтақаҳои Ҷумҳурии Узбекистон, балки дар 14 давлати ҷаҳон низ мушоҳида мегузаронанд. Аз ҷумла, дар ҳудуди кишварҳои ИДМ, ба мисли Озарбойҷон (Боку), Беларус (Минск), Қазоқистон (Алмаато), Қирғизистон (Бишкек), Русия (Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Қазон, Ростови лаби Дон), Тоҷикистон (Душанбе) ва хориҷа — Белгия (Брюссел), Британияи Кабир (Лондон), Италия (Рум), Чин (Пекин), Латвия (Рига), Туркия (Анкара), Олмон (Берлин, Франкфурти лаби Майн) ва Фаронса (Париж) ). Маълумоте, ки дар рафти мушоҳидаҳо гирифта мешавад, инчунин ба хулосаи ниҳоии нозирони байналмилалии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ  дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дохил карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news