-5.1 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид

22 октябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Даври вилоятии  озмуни мазкур дар ду минтақаи вилояти Хатлон: Бохтар ва Кӯлоб доир шуда, он то 27 октябр идома меёбад. Баргузории озмун дар шаҳри Кӯлоб 25 октябр  муайян шудааст.

Муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ дар оғози озмун иштирокчиёнро барои ба даври вилоятӣ роҳ ёфтанашон табрик намуда, зикр кард, ки  иқдоми   наҷиби Сарвари давлат – баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» омили   болоравии маънавиёти мардум, бахусус мактабиён, донишҷӯён, наврасону ҷавонон ва умуман қишрҳои мухталифи  ҷомеа  гардидааст».

Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода зикр намуд, ки китоб воситаи муҳимтарини ахбори оммавӣ, илмӣ ва техникӣ, аслиҳаи пурзӯри муборизаи сиёсию идеологӣ дар паҳнкунӣ ва тарғиби дониш, маълумот ва тарбия ба шумор меравад.

-Рушди анъанаи китобдориву китобхонӣ яке аз самтҳои умдаи сиёсати фарҳангии Пешвои миллат дониста мешавад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳо бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат иброз доштанд: «Мо як нуктаро ҳамеша бояд дар ёд дошта бошем, ки китобхонӣ роҳи асосии баланд бардоштани сатҳи маърифат аст ва олим бе китобхонӣ олим намешавад. Зеро бузургон гуфтаанд, ки ҳар гоҳ аз китобхонӣ бозмондӣ, аз фикр кардан ҳам мемонӣ», — афзуд Давлат Сафарзода.

Мавсуф таъқид намуд, ки бояд дар озмун шаффофият таъмин гардида, танҳо беҳтаринҳо ба даври ҷумаҳуриявии озмун роҳ ёбанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд

Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти...

Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус аз Суғд боздид мекунад

2-4 декабр ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар ба вилояти Суғд сафари...

Русия муассисаҳои таълимии Тоҷикистонро бо омӯзгорони рус таъмин менамояд

Имрӯз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзори Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ташкили...

Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ-2022 дар Душанбе доир мешавад

Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ-2022 дар шаҳри Душанбе доир мешавад, хабар медиҳад МД «Ҷаҳоннамо» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

Related news