4.6 C
Tajikistan
Friday, June 9, 2023

Таҳти унвони «Пешво ва оини давлатсозӣ» китоби нав ба нашр расид

Дар Душанбе таҳти унвони «Пешво ва оини давлатсозӣ» китоби доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода ба нашр расид, ки ба фаъолияти созанда ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, хабар медиҳад Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

Профессор Абдураҳим Холиқзода дар ин китоби тозанашр нақши воқеии давлатсозӣ, миллатташаккулдиҳӣ, фарҳангсозӣ ва ваҳдатофарии Пешвои миллати тоҷиконро таҷассум намудааст.

Дар сарсухани китоби мазкур Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ чунин навиштааст: «Асаре, ки дар дасти шумост, ба нақши Пешвои муаззами миллат дар бунёд ва таъсиси давлати миллии тоҷикон бахшида шудааст. Муаллиф дар асоси таҳлили маводи мавҷудаи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ нақш ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз давраи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъдан ба ҳайси Президенти мамлакат интихоб шуданашон давра ба давра дар заминаи тағйироти мавҷудаи давлатдорӣ ва натиҷаҳои ба дастомада таҳлил намуда, дар раванди давлатсозии миллати тоҷик хулосаҳои амиқи илмӣ ироа менамояд».

Новобаста аз он ки маводи гирдовардаи муаллиф дар давраҳои мухталифи давлатсозии Пешвои миллат иншо шуда, ҷо-ҷо такрорёбии фикру андешаҳо аз ҷанбаҳои гуногун ба назар мерасад, вале дар маҷмӯъ маҳз ҳамин такрорёбиҳо имкон фароҳам меоранд, ки симои воқеии Пешвои давлатсози миллати тоҷик комилтару ҷиддитар дар ҳамбастагӣ бо ҳодисоти таърихӣ ба таври воқеӣ инъикос ва муаррифӣ гардад.

Итминони комил дорем, асар, ки саршори ғояҳои худшиносии сиёсӣ, миллӣ ва маводи таҳлилӣ- илмист, ба мафкураи сиёсӣ ва миллии хонандагон таъсири нек мерасонад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун аз олам даргузашт

 Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Саттор Турсун дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт. Саттор Турсун 15 феврали соли 1946...

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро ба ҳузур пазируфтанд

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавровро, ки...

Дар корхонаи «Пойафзоли Кангурт» давоми 4 моҳи соли равон 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст

Давоми 4 моҳи аввали соли равон дар корхонаи истеҳсолии «Пойафзоли Кангурт» 5490 ҷуфт пойафзоли мардона истеҳсол гардидааст. Тибқи иттилои...

Дар Душанбе бо иштироки Ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани машварат доир шуд

5 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 30-юмин солгарди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Ҷаҳонӣ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳо, шарикони рушди...

Related news