21 октябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенкоро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни мулоқот маросими супоридани нусхаҳои эътимоднома аз ҷониби Сафири Беларус ба Вазири корҳои хориҷӣ сурат гирифт.
Ҳамсуҳбатон ҳамчунин доир ба вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Беларус мубодилаи афкор намуданд.
С.Муҳриддин ба В.Денисенко дар амалисозии фаъолияти худ ба мақсади боз ҳам густариш додани робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Беларус муваффақият орзу кард.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»