-0.1 C
Tajikistan
Wednesday, March 29, 2023

Миёни соҳибкорони Тоҷикистон, Узбекистон ва Федератсияи Русия беш аз 100 шартномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид

Дар доираи баргузории Форуми «Имконоти тиҷорату сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақаҳо» ва  Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2021», ки  19-20 октябр дар маркази вилоят доир шуд, беш аз 100 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Тавре мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар медиҳад, дар ин бора муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Мавсуф гуфт, ки Ярмаркаи байналмилалии савдо «Суғд-2021» бори ҳафтум аст, ки бо мақсади муаррифии имконияти иқтисодиву саноатӣ ва кишоварзиву сайёҳии вилояти Суғд, рушди робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят ва таҳкими муносибатҳо гузаронида шуда, соли гузашта бо сабаби пандемияи коронавирус доир нашуд.

Дар ярмаркаи имсола теъдоди зиёди соҳибкорону моликони корхонаву ширкатҳои Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Узбекистон ширкат варзида, бо шарикони тоҷики худ дурнамои ҳамкориро баррасӣ карданд.

Тӯли ду рӯзи гузашта миёни соҳибкорони тоҷику рус ва тоҷику узбек мулоқоту гуфтушунидҳо барои таҳкими робитаҳо роҳандозӣ гардида, беш аз 100 шарномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news