Дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар маротибаи дуюм унвони чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувонро ба даст овард.
Мавсими чоруми Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон ба анҷом расид. Ғолиби чемпионат дар даври охир муайян шуд. Бо натиҷагирӣ аз 18 даври бозиҳо ду даста – «Хатлон» ва «Зебонисо» 51-холӣ ба даст оварданд. Аммо аз ҳисоби бартарӣ дар вохӯриҳои инфиродӣ дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар медалҳои тиллоро сазовор шуд.
Дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар маротибаи дуюм унвони чемпиониро ба даст овард. Бори якум ин даста дар Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон соли 2019 ба ин муваффақият соҳиб шуда буд.
Лайло Ҳалимова аз дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бо 67 гол беҳтарин нишонзани чемпионат гардид. Адолатхон Раҳмонова («Хатлон») беҳтарин дарвозабон эътироф шуд. Ӯ дар 18 бозӣ ҳамагӣ 4 гол ба дарвозааш сар додааст. Ҷоизаи беҳтарин бозингар насиби Марҷона Саидова аз дастаи футболи «Зебонисо»-и шаҳри Душанбе гардид. Қурбонгул Қурбонова («Хатлон») беҳтарин мураббӣ дониста шуд.
ҶОЙИ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х |
1 | «Хатлон» (Бохтар) | 18 | 17 | 0 | 1 | 156-4 | 51 |
2 | «Зебонисо»(Душанбе) | 18 | 17 | 0 | 1 | 157-10 | 51 |
3 | «Суғд» (Суғд) | 18 | 11 | 0 | 7 | 84-54 | 33 |
4 | «Бешкент» (Носири Хусрав) | 18 | 10 | 2 | 6 | 86-32 | 32 |
5 | «Равшан» (Кӯлоб) | 18 | 8 | 4 | 6 | 36-40 | 28 |
6 | «Конибодом» (Конибодом) | 18 | 8 | 1 | 9 | 66-50 | 25 |
7 | «Ҳосилот»(Фархор) | 18 | 6 | 2 | 10 | 33-60 | 20 |
8 | «Зебо» (Дӯстӣ) | 18 | 4 | 2 | 13 | 35-43 | 11 |
9 | «Нушофарин» (Бохтар) | 18 | 3 | 0 | 15 | 8-222 | 9 |
10 | «Чашма»(Шаҳритус) | 18 | 1 | 1 | 16 | 4-150 | 4 |
Манбаъ: АМИТ «Ховар»