-5.1 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

Лоиҳаи Консепсияи рушди устувор барои кишварҳои узви ИДМ аз ҷониби вакилони Парлумон тасдиқ карда шуд

Имрӯз дар қароргоҳи Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонӣ оид ба омӯзиши таҷрибаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ баргузор шуд, ки дар он раиси кумита оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода муовини раиси комиссия интихоб гардидю.

Ҷаласаи мазкур таҳти раёсати Валентин Семеняко- раиси комиссияи мазкур, раиси Комиссияи доимии Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус оид ба сохтори давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ баргузор шуд.

Вакилони парлумон лоиҳаҳои Консепсияи рушди устувор барои кишварҳои узви ИДМро  бо дарназардошти пешниҳоду эродҳои расида баррасӣ ва тасдиқ карданд. Қарор дода шуд, ки аз Шӯрои Ассамблеяи Байнипарлумонии  ИДМ дархост карда шавад, ки масъалаи ин лоиҳаҳоро ба рӯзномаи ҷаласаи пленарии навбатии АБ  ИДМ ворид кунанд. Дар соли 2021 комиссия ба коркарди лоиҳаҳои нави ҳуҷҷатҳои интихоботӣ оғоз кард.

Дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаи Қонуни намунавӣ «Дар бораи мушоҳидаи байналмилалӣ», ки аз ҷониби узви кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия оид ба қонунгузории конститутсионӣ ва сохтори давлатӣ Олег Тсепкин пешниҳод шудааст, баррасӣ гардид. Иштироккунандагони ҷаласа рафти кор роҷеъ ба лоиҳаи таҳрири нави «Тавсияҳо барои нозирони байналмилалӣ аз ИДМ оид ба мушоҳидаҳои интихобот ва раъйпурсӣ»-ро низ мавриди омӯзиш қарор доданд. Муовини сардори котиботи Шӯрои АБ ИДМ — Директори Институти байналмилалии мониторинги рушди демократия Иван Мушкет роҷеъ ба масъалаҳои зикршуда маълумоти муфассал дод.

Бори аввал дар ҷаласаи комиссияи мазкур лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ  «Дар бораи хадамоти давлатӣ ва мунисипалӣ», «Дар бораи расмиёти маъмурӣ», «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ ва коммуналӣ», «Дар бораи мукофотҳои мунисипалӣ»  муаррифӣ гардиданд.  Сенатори Русия Александр Савин ба ҳамкасбони худ ҷанбаҳои калидии ин ҳуҷҷатҳоро нақл кард. Омӯзиши корҳо оид ба лоиҳаҳои қонунҳо идома хоҳад ёфт.

Аъзои комиссия инчунин бо маълумот дар бораи татбиқи Консепсияи ҳамкории байниминтақавӣ ва наздисарҳадии кишварҳои узви ИДМ дар давраи то соли 2020 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он шинос шуданд. Аз соли 2000 инҷониб мавзӯи ҳамкории байниминтақавӣ ва наздисарҳадӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти комиссия ба ҳисоб меравад.

Вакилони парлумон инчунин дар конфронси «Симои шаҳри муосир» бахшида ба Соли меъморӣ ва рушди шаҳрсозӣ дар ИДМ, ки дар Петергоф баргузор мешавад, иштирок мекунанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар».

Latest news

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд

Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти...

Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус аз Суғд боздид мекунад

2-4 декабр ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар ба вилояти Суғд сафари...

Русия муассисаҳои таълимии Тоҷикистонро бо омӯзгорони рус таъмин менамояд

Имрӯз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзори Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ташкили...

Related news