-5.1 C
Tajikistan
Tuesday, November 30, 2021

Таъмиру азнавсозии Боғчаи кӯдаконаи “Бону” дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик

21 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик ҳамчунин баъд аз таъмиру азнавсозӣ Боғчаи кӯдаконаи “Бону”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Иншооти мазкур ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи дастуру ҳидоятҳои маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати баланд бардоштани сатҳи донишомӯзӣ ва маърифатнокии насли наврас мавриди таҷдид қарор гирифта, ба истифода дода шуд.

Таъмиру азнавсозии Кӯдакистони “Бону” дар деҳоти Кангурт аз тарафи соҳибкор Акбар Асадулло сурат гирифта, барои таҷдиду муҷаҳҳазгардонии муассисаи томактабӣ зиёда аз 3,5 миллион сомонӣ сарф гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки Кӯдакистон дар деҳоти Кангурт ҳанӯз соли 1985 сохта шуда, дар давоми солҳои фаъолияташ боре ҳам таъмири ҷиддӣ нашуда буд ва бино дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Акнун дар доираи ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат кӯдакони ин ҷамоат ҳам соҳиби боғчаи зебо шуданд.

Боғчаи кӯдаконаи “Бону” аз 2 ошёна иборат буда, дар он имконияти фарогирии то 200 кӯдак ба таълим ва тарбия мавҷуд мебошад. Барои тарбияи атфол 5 мураббӣ ҷалб шудааст.

Давоми корҳои сохтмонӣ ҳамаи ҳуҷраҳои бино аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо рахтҳои наву замонавӣ, мизу ҷевон, бозичаҳо барои кӯдакон ва ошхона бо тамоми лавозимот ва дигар ашёи зарурӣ таъмин карда шудааст.

Latest news

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд

 30 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети...

Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд

Бо дастури Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ имрӯз дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти...

Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус аз Суғд боздид мекунад

2-4 декабр ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус бо роҳбарии муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар ба вилояти Суғд сафари...

Русия муассисаҳои таълимии Тоҷикистонро бо омӯзгорони рус таъмин менамояд

Имрӯз дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзори Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ташкили...

Related news