-3.5 C
Tajikistan
Monday, October 25, 2021

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафо Шентоп мулоқот намуд

Дирӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Туркия қарор дорад, бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия Мустафо Шентоп мулоқот намуда, масъалаи тақвияти ҳамкории байнипарлумониро мавриди  баррасӣ қарор дод.

Дар ҷараёни ин мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки «соли оянда мо 30-юмин солгарди барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни  Тоҷикистон ва Туркияро, ки ҳоло дар марҳилаи муҳими таърихӣ қарор доранд, ҷашн мегирем. Тоҷикистон Туркияро шарики боэътимоди худ медонад ва омода аст бо Туркия дар хусуси таҷлили 30-юмин солгарди барқарории робитаҳои дипломатӣ, ки ҳамчун фурсати муносиб барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф аст, ҳамкорӣ кунад».

Дар мулоқот раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода, вакилони Маҷлиси намояндагон  Мавлудахон Мирзозода  ва Мирзоанвар Ахмедов ва сардори раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, ташрифотӣ ва ташкили кори дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Наҷибулло Оқилзода иштирок намуданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Latest news

ОЗОДАПАЛАНГИ ТОҶИКИСТОН, ЭҲЁИ ДУБОРАИ ВАТАН БОШ! Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии паланг

Имрӯз, 23 октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии паланг таҷлил мегардад, ки он моҳи ноябри соли 2010 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, дар...

Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид

22 октябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Даври вилоятии  озмуни мазкур...

Нозирони байналмиллалии АБ ИДМ бо роҳбарони як қатор кумитаҳои палатаи поёнии Узбекистон мулоқот намуданд

Имрӯз вохӯрии нозирони байналмиллалии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо роҳбарии ҳамоҳангсози гурӯҳ, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода...

Нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон мулоқот карданд

Имрӯз дар  шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон  нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  (ИДМ) таҳти роҳбарии ҳамоҳангсози гурӯҳ, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони...

Related news