-3.5 C
Tajikistan
Monday, October 25, 2021

211 АДАД НИГОРАҲОИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ НАМОИШ БА ОСОРХОНАИ ГИМЕИ ПАРИЖ ПЕШНИҲОД ГАРДИД.

13 октябри соли равон дар Музеи Гимей — Осорхонаи  санъати Шарқи   шаҳри Париж намоиши нигораҳои таърихии кишвари мо таҳти унвони «Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ» оғоз гардида, то 10 январи соли 2022 идома меёбад. Дар намоишгоҳи мазкур 211 адад нигораҳо аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон ба намоиш гузошта,   тавассути онҳо тамоми зебоиҳои табиӣ ва таърихи нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Фаронса нишон дода мешаванд. Ҳамчунин дар ин рӯз бо забонҳои гуногун намоиши филмҳои тоҷикӣ ва наворҳо оид ба мавзеъҳои таърихию сайёҳии Тоҷикистон манзур мегарданд.

Ба гуфти директори Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон Саидмурод Бобомуллоев, баргузории  намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон дар хориҷа муаррифии муассири таърихи пурғановати халқи тоҷик ва фарҳанги он  хоҳад гардид.

Мавсуф зикр намуд, ки аз Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон зиёда аз 140 нигораи нодир барои намоиш дар Оосрхонаи миллии ҳунарҳои осиёи Гимеи шаҳри Париж қарор доранд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар»   дар бораи  ченде аз онҳо мухтасар маълумот  медиҳад.

Устухондон. Гили  пухта

Дарозии он 73.5 сантиметр, паҳноӣ-35 сантиметр, баландӣ-29 см аст. Шакли  чоркунҷа дошта, қисмати берунаи устухондон аз тарафи пеш бо чоруним сутуни аз чор кунҷ иборат ороиш дода  шуда, ба се қисмат ҷудо карда шудааст. Қисмати марказӣ нисбатан васеътар аст, ки дар он се хоначаи мудаввар сохта шудаанд. Дар ду хоначаи   канории  қисмати марказӣ акси мард тасвир ёфтааст, ки хуб  боқӣ  намондааст. Хоначаи мобайнӣ, ки шояд тасвири даромадгоҳро дошта  бошад, нисбатан хурдтар буда, дар болояш ду сӯрохӣ дорад.

Инчунин тасвири офтоб ва ним моҳтоб низ дар болояш акс ёфтааст. Дар қисматҳои канорӣ дарахтон (дар шакли сешоха) ва инчунин осори муҳрҳо, ки шумораашон хеле зиёд аст, дар ҳолати хеле хуб боқӣ мондаанд. Лабҳои устухондон бо дандонакҳо оро дода шудааст.  Он аз асрҳои V-VII боқӣ монда, аз Муғтеппаи Истаравшан  ёфт шудааст.

Миҷмар. Гаҷ

Дарозии он 20 сантиметр, баландӣ-16 см, паҳноӣ-19 см аст. Шакли чоркунҷа дорад. Чор сутун дорад, ки мураббаъ буда, андозаашон 3,5 см аст. Миҷмар бо санъати баланди наққошӣ зиннат дода шудааст. Қисмати пешаш чор тасвири доирашакл дошта, ба чархи ароба хеле шабоҳат  дорад. Аз миёнаш ду хати рост мегузаранд, ки дар байни онҳо нақшҳои секунҷамонанд тасвир  шудаанд. Болои миҷмар низ пурра наққошӣ гардидааст.

Миҷмар дар оташкадаҳои зардуштӣ гузошта мешуд ва дар болояш оташ афрӯхта, ба он гиёҳҳои хушбӯй мепошиданд, то бӯйи хуш диҳад. Он аз асрҳои V-VI боқӣ монда, аз Хуҷанд ёфт шудааст.

Сари гӯсфанд. Биринҷӣ

Вазни он 14.8 кг буда, шохҳояш ба қафо нигаронида шуда, қисмати нӯгашон шикаста аст. Гирди шохҳо рахҳо кашида шудаанд, ки синну солро ифода мекунанд. Кунҷи ин рахҳо ба тарафи поён нигаронида шудааст. Бехи шохҳо, ки нисбатан ғафстар аст, нақшҳои хурд-хурди чоркунҷа дорад.  Гӯши росташ пурра буда, гӯши чапаш аз бех шикаста боқӣ намондааст. Сар хеле моҳирона сохта шуда, ба сари аслии гӯсфанд шабоҳати зиёд дорад. Чашмонаш калон ва болои онҳо нишонаҳои мижа ва абрӯ низ баръало намоёнанд. Бинию даҳонаш низ бисёр бомаҳорат сохта шудааст. Даҳонаш дар ҳолати пӯшида буда, гарданаш ҳам то андозае намудор аст. Дар қисмати гардан аломатҳои бурида, ҷудо кардани сар дида мешавад.

Ин намуди ашё қисми ягон ҳайкалҳои маъбаду қаср ё ҷузъиёти тахти шоҳист. Дар асрҳои V-III то мелод аз Конибодом.  (Исфарасой, соли  1979) ёфт шудааст.

Сари гӯсфанд. Биринҷӣ

Он 8,1 кг вазн дошта, шохҳояш ба қафо нигаронида шуда, аз нисф зиёдашон  шикаста аст. Гирди шохҳо рахҳо кашида шудаанд, ки синну солро ифода мекунанд. Кунҷи ин рахҳо ба тарафи боло нигаронида шудааст. Бехи шохҳо, ки нисбатан ғафстар аст, нақшҳои чоркунҷаи нисбатан хурд дорад.  Гӯшҳояш аз бех шикаста, боқӣ намондаанд.   Сар хеле моҳирона сохта шуда, ба каллаи аслии гӯсфанд шабоҳати зиёд дорад. Чашмонаш калон ва болои онҳо нишонаҳои мижа ва абрӯ низ баръало намоёнанд. Бинию даҳонаш низ бисёр моҳирона сохта шудааст. Даҳонаш дар ҳолати пӯшида буда, гарданаш ҳам то андозае намудор аст, ки мутаассифона, пурра боқӣ намондааст.

Ин намуди ашё қисми ягон ҳайкали маъбаду қаср ё ҷузъиёти тахти шоҳӣ аст. Асрҳои V-III то милод. Конибодом.  (Исфарасой, соли  1979)

Пиксида (зарфи маросимӣ). Санг

Дарозиаш-1.5 саниметр, баландӣ-7.5 см,  диаметри қисмати поёнӣ-4 см аст. Зарф  аз санги  хокистарранг  омода  шуда, сарпӯш  дорад. Қисмати  болоии сарпӯш бо  нақшҳо оро дода  шуда, илова бар  он аз  3 тараф нақшҳо  дар  шакли салиб тасвир  шудаанд.

Зарф  барои   нигоҳ доштани ҷавоҳирот истифода  мешуд. Тахти  сангин. Асрҳои III-II пеш аз милод.

Пораи устухони тасвирдор

Қисмати дастаи  корд. (Пораи  устухони тасвирдор). Дарозӣ– 16 сатиметр, бар– 5 см.  Аз устухони фил сохта шуда, бо нақшҳои рангоранги растанигӣ зиннат дода шудааст. Душанбе. Асрҳои III-II то мелод.

Сарсутун. Санг

Дарозӣ-35 сантиметр, бар-35,5 см. Бо санъати баланди кандакорӣ сохта шуда, дар шакли шери болдор аст. Хусусан калла  ва панҷаҳои  шер тариқи  барҷаста сохта  шудаанд.

Сарсутун қисмати болоии сутун буда, барои мустаҳкам нигоҳ доштани хона ва ё дигар биноҳо истифода мешавад. Асри I. Шаҳринав.

Тарҳи чортоқ. Санг

 Баландии умумӣ– 68 сантиметр, поя – 21.5х19 см, баландӣ– 23 см, гумбази поя– 19х17.5 см, баландӣ- 17см. Қисмати болоияш аз чор тараф бо тоқчаҳои чоркунҷа ва равоқдор оро дода шудааст. Дар рӯйи тоқча пайи зарҳал (обитилло) боқӣ мондааст, ки аз аҳамияти динию маросимӣ доштанаш шаҳодат медиҳад.

Он қолаби чортак (маъбади оташ)-ро таҷассум  намуда, аҳамияти бузурги илмӣ дорад, зеро ки ягона нусха дар Осиёи Марказӣ аст. Асрҳои III-IV.  Фархор. Ёдгории ЗолиЗар.

Як ҷузъи чароғ. Биринҷӣ

 Баландӣ-12 сантиметр, диаметри қисмати боло-14 см.  Дар   атрофи  чароғ аз  чор  ҷониб тасвири рӯйи одам, эҳтимол Буддо тариқи барҷаста тасвир шудааст. Қош, чашм, бинӣ, даҳон ва гӯшҳо хеле хуб инъикос ёфтаанд.

Дар сари  Буддо тоҷи себарга равшан намудор аст ва дар гардан занҷираи калону вазнин дорад. Аз сараш ду зулфи бофта ба поён партофта шудаанд. Дар қисмати болои чароғ ба таври амудӣ хатҳо кашида шудаанд.  Асрҳои II-III. Қубодиён.

Зарфи шакли паранда

Зарф аз гил сохта шуда, баландиаш 16 сантиметр ва дарозиаш 22,5 см аст. Зарф   бо  ангоби қаҳваранг рӯйпӯш шуда, шакли кабкро ба хотир  меорад. Сари паранда, чашмон, минқор ба  хубӣ  намоён мебошанд.

Зарф  дар  шакли  паранда барои гирифтани об  пешбинӣ  шуда, дар  қисмати  боло сӯрохи  махсус  барои  об  гирифтан   ва қисмати пеши  минқор  барои обрезӣ пешбинӣ  гаштааст. Асрҳои IV-V. Исфара. Ворух.

Сурмадон  дар  шакли  паранда. Санг

Баландии он 4 сантиметр, дарозӣ 4,5 см, паҳноӣ 3,8 см аст. Сурмадон дар шакли паранда, шояд кабӯтар дар ҳолати омодагӣ ба парвоз сохта шудааст. Чашму  минқори  паранда ба  хубӣ  намоён мебошад. Барои инъикос намудани болу пари кабӯтар хатҳои рост канда шудаанд.  Дар қисматҳои пушти сар ва қафаси синаи паранда мисли болу пар хатҳои рост дида мешаванд.

Дар сурмадон узвҳои босира ва даҳони кабутар хеле  хуб инъикос карда шудаанд. Дар қисмати паҳлуи бадан, дар болои болҳои паранда 2 нақши хурди доирашакл канда шудаанд.  Дар пушти паранда дар шакли чаҳоркунҷа барои нигоҳ  доштани  сурма  ҷои  махсус  сохта  шудааст. Асрҳои II-III. Фархор.

Latest news

ОЗОДАПАЛАНГИ ТОҶИКИСТОН, ЭҲЁИ ДУБОРАИ ВАТАН БОШ! Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии паланг

Имрӯз, 23 октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии паланг таҷлил мегардад, ки он моҳи ноябри соли 2010 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, дар...

Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид

22 октябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Даври вилоятии  озмуни мазкур...

Нозирони байналмиллалии АБ ИДМ бо роҳбарони як қатор кумитаҳои палатаи поёнии Узбекистон мулоқот намуданд

Имрӯз вохӯрии нозирони байналмиллалии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо роҳбарии ҳамоҳангсози гурӯҳ, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода...

Нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон мулоқот карданд

Имрӯз дар  шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон  нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  (ИДМ) таҳти роҳбарии ҳамоҳангсози гурӯҳ, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони...

Related news

ОЗОДАПАЛАНГИ ТОҶИКИСТОН, ЭҲЁИ ДУБОРАИ ВАТАН БОШ! Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии паланг

Имрӯз, 23 октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии паланг таҷлил мегардад, ки он моҳи ноябри соли 2010 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, дар...

Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид

22 октябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Даври вилоятии  озмуни мазкур...

Нозирони байналмиллалии АБ ИДМ бо роҳбарони як қатор кумитаҳои палатаи поёнии Узбекистон мулоқот намуданд

Имрӯз вохӯрии нозирони байналмиллалии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо роҳбарии ҳамоҳангсози гурӯҳ, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода...

Нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон мулоқот карданд

Имрӯз дар  шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон  нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  (ИДМ) таҳти роҳбарии ҳамоҳангсози гурӯҳ, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони...