-3.5 C
Tajikistan
Monday, October 25, 2021

Мулоқоти васеи ҳайатҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид

Дар доираи барномаи сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон нимаи дуюми 23 сентябр музокироти васеи ҳайатҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардида, зимни он масъалаҳои рушду тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ, инчунин муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии ду кишвар баррасӣ гардиданд.

Нахуст Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои даъват ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон ба Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон изҳор сипос карданд.

Дар ҷараёни мулоқот вазъи имрӯзаи робитаҳои байнипарламентӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо Сенати Парламенти Қазоқистон ба таври муфассал муҳокима карда шуд.

Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо Парламенти Қазоқистон дар доираи Ассамблеяи Парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Муттаҳид ва Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда, ҷонибдори боз ҳам фаъол гардонидани ин робитаҳо мебошад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ саъю талоши бисёрсола ва нақши муассири роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистону Қазоқистонро дар самти таҳкиму густариши муносибатҳои ҳасана ва ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкории дуҷониба  басо муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба рушду густариши муносибатҳои ду кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи ҳарбиву техникӣ табодули андеша карданд.

Новобаста аз вазъи мураккаби эпидемиологӣ ҳаҷми гардиши мол дар байни ду кишвар соли 2020 ба нишондиҳандаи як миллиард доллари ИМА наздик шуда, соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб сад миллион доллар афзудааст.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз тамоюли мусбати рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қазоқистон изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки дар ин самт иқтидору захираҳои ду кишвар ҳанӯз  пурра мавриди истифода қарор дода нашудаанд.

Дар баробари ин ҳавасмандии ҷонибҳо ҷиҳати тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, амнияти озуқаворӣ, рушди сайёҳӣ, маориф ва дигар бахшҳои фарҳангиву гуманитарӣ изҳор карда шуд.

Зимни мулоқот вазъияти мураккабу хатарзо дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуда, зикр карда шуд, ки он на танҳо мушкилии мардуми афғон, балки тамоми минтақа ба ҳисоб меравад. Таъкид гардид, ки барои ҳалли ҳамаҷонибаи мушкилоти Афғонистон, қабл аз ҳама, таъсис додани ҳукумати фарогир шарти зарурӣ ба ҳисоб меравад. Дар робита ба вазъи мураккаби кишвари ҳамсояи Афғонистон зарурати таҳкими ҳамкории ҳарбию техникӣ ҳамчун яке аз масъалаи умда ва афзалиятнок шуморида шуд.

Дар поёни гуфтушуниди ҳайатҳо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз пазироии гарму самимӣ ва меҳмоннавозии нек изҳори сипос карда, аз Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон ҷиҳати анҷом додани боздид аз Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.

Пас аз мулоқоти ҳайатҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон маросими баимзорасонии Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Санади мазкурро аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва аз ҷониби Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев ба имзо расониданд.

Қобили зикр аст, ки тибқи созишномаи баимзорасида дар қатори дигар масоили ҳамкорӣ бо мақсади тавсеаи муносибатҳои байнипарламентии палатаҳои болоии парламентҳои Тоҷикистону Қазоқистон таъсиси Комиссияи доимоамалкунанда пешбинӣ гардидааст.

Тайи ин солҳо робитаҳои парламентӣ ва байнипарламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон аз тарафи гурӯҳҳои дӯстӣ амалӣ карда мешаванд ва таъсиси ин мақоми нави корӣ ба тақвияту густариши батадриҷи ин муносибатҳо мусоидат хоҳад кард.

Latest news

ОЗОДАПАЛАНГИ ТОҶИКИСТОН, ЭҲЁИ ДУБОРАИ ВАТАН БОШ! Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии паланг

Имрӯз, 23 октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии паланг таҷлил мегардад, ки он моҳи ноябри соли 2010 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия, дар...

Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид

22 октябр дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Даври вилоятии  озмуни мазкур...

Нозирони байналмиллалии АБ ИДМ бо роҳбарони як қатор кумитаҳои палатаи поёнии Узбекистон мулоқот намуданд

Имрӯз вохӯрии нозирони байналмиллалии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо роҳбарии ҳамоҳангсози гурӯҳ, муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода...

Нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ бо роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон мулоқот карданд

Имрӯз дар  шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон  нозирони Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  (ИДМ) таҳти роҳбарии ҳамоҳангсози гурӯҳ, муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони...

Related news