-4.2 C
Tajikistan
Sunday, October 1, 2023

ҶАСОРАТУ САДОҚАТ ВА ҚАВЛУ АМАЛИ ТОҶИКИ АСИЛ

Суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дирӯз, зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ иброз гардид, ифтихор аз тоҷику сокини ин Ватан будан, ҳувияти миллӣ, ҳисси худшиносӣ ва меҳанпарастиро дар вуҷуди ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ таҳрик, таҳким ва тавсеа бахшид. Матолиби дар робита ба ин мулоқот расонаишуда ва шабакаҳои иҷтимоӣ кошташударо хондам. Ҳамовозии ҳамватанонамон дар сигменти тоҷикии “Фейсбук” хеле хушам омад. Вале наметавон гуфт, ки дар бозгӯйӣ ва инъикоси моҳияти ин иқдом комёб будем. Ба ғайр аз навиштаҳои се ҳамкасбам, ки бо далели дӯсти қарин будан аз зикри номашон худдорӣ менамоям, дигар нигоштаҳо чандон таъсиррасон ва аз далелу рақам ғанӣ набуданд… Дар ҳоле ки аксар коршиносон ва баъзе “афғонистоншиносҳо” “ҳам ба наълу ҳам ба мех мезаданд”-у кӯшиш мекарданд, ки “ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад”, Пешвои миллат ҷасорату садоқат ва қавлу амали тоҷики асилро бори дигар ба маъраз гузоштанд. “Коршиносон” фолбинӣ карда буданд, ки “Тоҷикистон интизор аст, ки абарқудратҳо чӣ тасмим мегиранд ва танҳо дар он сурат мавкеашро муайян хоҳад кард”. Хушбахтона, ин “пешгӯйӣ ” низ ботил баромад, Пешвои миллат бо амри дил, ҷасорати хос, азми қавӣ назарашонро минҳайси сиёсатмадори барҷастаи байналмилалӣ хеле боҷуръат баён намуданд. Бо ибрози он ки “тоҷикон дар Ҳукумати ояндаи Афғонистон ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд”, тоҷикони Афғонистонро, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таври шоиста ҳимоя карданд. Дар ин замина бори дигар собит шуд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дили мардум маскан гирифта, ба сифати Пешвои тоҷикони ҷаҳон баҳри ҳифзи манфиат ва ҳуқуқу озодиҳои тоҷикон собитқадаманд. Аз ҷониби дигар, Роҳбари мамлакат бо ин амали худ посдори қавииродаи дӯстиву рафоқат буданашонро бори дигар собит карданд. Манзури ман равобити дӯстонаи Президенти кишварамон бо Аҳмадшоҳ Масъуд ва Бурҳониддин Раббонӣ мебошад. Дар марҳилаи кунунӣ, ки вазъият пешгӯйинашаванда аст, Пешвои миллат ягона Роҳбари давлат маҳсуб мешаванд, ки бо сароҳат иброз доштанд: “Толибон аз ваъдаҳои қаблии худ ҷиҳати ташкил додани ҳукумати муваққатии интиқолӣ бо иштироки васеи дигар неруҳои сиёсии кишвар даст кашида, ба бунёди аморати исломӣ омодагӣ мебинанд”. Ин суханон барои дигар сиёсатмадорон, хоса онҳое, ки фурсатталабиро ихтиёр кардаанд, моҳиятан ғизо аст. Зеро Сарвари давлати мо беҳтару бештар аз дигарон медонанд, ки «Толибон» ба ҳеҷ ваҷҳ неруи мустақил ва ягона набуданду нестанд. Онҳо василае ҳастанд дар дасти соҳибонашон, ки онҳоро кумаки моддӣ ва низомӣ мекунанд. Биноан, то он кишварҳо низ ба музокирот ҳавасманд нагарданд, аз «Толибон» иқдомеро умед доштан нашояд. Бо ҷасорати ба худ хос Роҳбари давлати мо ҳушдор доданд, ки “Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афгонистон, махсусан тоҷикон, ӯзбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд”.Ҷоиз ба зикр аст, ки дастгириву таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба кишвари зикршуда маротибаи аввал нест. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ мебошанд, ки мунтазам дар заминаи далелу арқоми асоснок аз манфиатҳои кишвари ҳамсоя ҳимоя намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти он ҷалб намуда истодаанд. Ин масъала аз ҷониби нухбагони кишвари ҳамҷавор низ эътироф шуда, онҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пуштибон ва дӯсти асили мардуми афғон меноманд. Як даҳсола пеш, замоне ки дигар кишварҳо дахолат ба умури давлатдории ҳамсоякишварро шурӯъ карданд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки «тақдири Афғонистонро, пеш аз ҳама, бояд худи мардуми он ҳал кунад”. Ин масъала зимни суханрониҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо матраҳ шуда, таъкид шуда буд, ки «имрӯз мушкилоти муҳими байналмилалӣ дар соҳаи амният вазъ дар Афғонистон ва Шарқи Наздик мебошад». Моҳияти суханони чор сол қабл гуфтаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – «расонидани ёрии ҳамаҷониба дар роҳи истиқрори сулҳ ва субот дар Афғонистон, инчунин ҳалли мушкилоти иҷтимоию иқтисодии он ва ҷустуҷӯи роҳҳои оштии миллиро муҳим меҳисобем», дар шароти кунунӣ садчанд фузун гардид. Қаблан навишта будам ва иловатан таъкид менамоям, ки Афғонистон бинобар надоштани шахсияте чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба майдони рақобати абарқудратҳо табдил ёфтааст. Суханони Пешвои миллат дар робита ба ҳаводиси Афғонистон, ки дар мулоқот бо масъули давлате, ки яке аз бозингарони асосии қазияи Афғонистон маҳсуб мешавад, моро таҳрик бахшид, то дар бозгӯйӣ намудани заҳматҳои Абармарде, ки халқи беш аз ҳазор сол аз саҳнаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид кардаанд, Давлати дар вартаи нобудӣ қарордоштаро наҷот бахшидаанд, аркони фалаҷгаштаи давлатдориро эҳё намудаанд, тоҷикони парешонгаштаро ҷамъият бахшиданд, миллати бо ҷурми фарзандони нохалаф сарафкандашударо сарбаланд намудаанд, беш аз пеш фаъол шавем. Ҳарчанд баъзеҳо ба ин масъала рашки занонаро меҳвар қарор дода, сафсата мегӯянд, вале таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳ аст, ки аз эътирофу арҷгузории шахсиятҳое чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳеҷ ваҷҳ демократияи давлатҳо ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон осеб надидаву намебинад. Ин ҷанба, ки нотавонбинон ҳазар намудан аз онро тавассути тӯтиву обсофкунакҳояшон талқин менамоянд, таи дусад соли охир минҳайси ғояи таҳкимбахши сарҷамъӣ, таҳрикбахши такомул, афзункунандаи дастовардҳо барои давлатҳои мутамаддин аҳамияти хоса касб кардааст. Муҳимтар аз ҳама, ҳаводиси Афғонистон собит сохт дар ҷаҳони муосир, ки бар мабнои бархӯрди манфиати абарқудратҳо пуртазод гарштааст, доштани Пешвои миллӣ ва эътирофи заҳматҳои ӯ шарти хеле муҳим аст. Бо дарназардошти гуфтаҳои боло бидуни муболиға ва тамаллуқ метавон гуфт, ки барои тоҷику тоҷикистониён дар ҷаҳони пурҳаводиси муосир доштани Пешво бахти баланд маҳсуб мешавад. Хуш ба ҳоламон!!!

Далер Мерганов

муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум”

Latest news

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон анҷом ёфт

30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Федеративии...

Фонди рушди Қатар омодагии худро ҷиҳати маблағгузории лоҳаҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикисстон баён намуд

 29 сентябр дар ҳошияи ҷаласаи  чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории тиҷоратӣ,  иқтисодӣ ва илмию техникӣ Вазири рушди иқтисод...

Дар Тоҷикистон барои тавсеаи заминаи содирот ва афзоиши муомилоти молу маҳсулот дар бахши агросаноатӣ имконияти бузург мавҷуд мебошад

 Дар Тоҷикистон барои тавсеаи заминаи содирот ва афзоиши муомилоти молу маҳсулот дар бахши агросаноатӣ имконияти бузург мавҷуд мебошад. Ин нуктаро 29 сентбяр...

Ширкати энергетикии «Небрас»-и Қатар барои сармоягузорӣ ба сохтмони НБО-и «Шӯроб» изҳори омодагӣ намуд

29 сентябр дар Давҳа Вазири  рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори иҷроияи ширкати энергетикии «Небрас» Халид Муҳаммад Ҷоло...

Related news

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Олмон анҷом ёфт

30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми сафари корӣ дар Ҷумҳурии Федеративии...

Фонди рушди Қатар омодагии худро ҷиҳати маблағгузории лоҳаҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикисстон баён намуд

 29 сентябр дар ҳошияи ҷаласаи  чоруми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қатар оид ба ҳамкории тиҷоратӣ,  иқтисодӣ ва илмию техникӣ Вазири рушди иқтисод...

Дар Тоҷикистон барои тавсеаи заминаи содирот ва афзоиши муомилоти молу маҳсулот дар бахши агросаноатӣ имконияти бузург мавҷуд мебошад

 Дар Тоҷикистон барои тавсеаи заминаи содирот ва афзоиши муомилоти молу маҳсулот дар бахши агросаноатӣ имконияти бузург мавҷуд мебошад. Ин нуктаро 29 сентбяр...

Ширкати энергетикии «Небрас»-и Қатар барои сармоягузорӣ ба сохтмони НБО-и «Шӯроб» изҳори омодагӣ намуд

29 сентябр дар Давҳа Вазири  рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Директори иҷроияи ширкати энергетикии «Небрас» Халид Муҳаммад Ҷоло...