1.3 C
Tajikistan
Friday, September 17, 2021

БО ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҶУЗЪЕ АЗ ТАЪРИХИ СОЗАНДАГИҲО МЕГАРДЕМ!

Агар тайи ду даҳсолаи охир ба Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ кунем, ҳамаи он дастуру ҳидоятҳо барои фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари зиндагӣ, таъмини зиндагии шоиставу саодатбор, баланд бардоштани нуфузи Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон аҳамияти ниҳоят баланд доранд.

Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки “Соли 2021 барои Тоҷикистони азизамон соли махсус, яъне ҷашни бузурги сисолагии истиқлоли давлатӣ мебошад. Бо мақсади истиқболи сазовори ин санаи муқаддаси таърихӣ бо қарори Ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳои ободониву созандагӣ қабул гардидааст.”

Воқеан, имрӯз тамоми кунҷу канори Ватани маҳбубамон ба ҷабҳаи бузурги созандагӣ, ободкорӣ ва бунёдкорӣ табдил ёфтааст, ки кулли пиру барно танҳо бо як ҳадаф-бунёди симои нави давлати ҷавони хеш даст ба кор шудаанд.

Бунёди анқариб 30 000 иншооти гуногунтаъинот бахшида ба таҷлили 30-умин солгарди истиқлоли давлатии ҶТ, аниқтараш то 9 сентябри соли 2021 симои давлати ҷавони моро ба кулли тағйир дод, ки дар як даҳаи охир бесобиқатарин дар минтақа ба ҳисоб меравад. Талаффузи ин адад, яъне 30 000 бо забон осон аст, вале иродаи амали намудани он як дастоварди беназиру  бесобиқа аст, ки халқи тоҷик маҳз бо роҳнамоии Сарвари созандааш ба он шарафёб гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба МО ҶТ дар бахши сиёсати иҷтимоиву иқтисодӣ ба далелу рақамҳое, рӯй оварданд, ки он кору фаъолияти сохтмончиёни кишвар иртиботи қавӣ дорад. Масалан танҳо дар соли 2020 ҳудуди 157 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 63000 ҷойи нишаст, 14 муассисаи томактабӣ барои 2520 кӯдак, 108 иншооти нави тандурустӣ ва 300 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо зиёда аз 6500 ҷойи корӣ бунёд ва ба истифода супорида шуданд, ки ин амри табиӣ аст, меъморону сохтмончиёни тоҷик дар он  нақшгузор бошанд.

Меъморону сохтмончиёни мамлакат бо ҳидояту  роҳнамоии Пешвои созандаи хеш метавонанд, ки дар бунёду  сохтмони иншоотҳои муосири гуногунтаъинот бо риояи қатъии сифату  унсурҳои меъмории миллӣ симои Тоҷикистони азизро куллан тағйир диҳанд.

Дур намеравем. Тайи се соли охир ҷиҳати иҷрои дастуру  ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мухтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Душанбе бо роҳбарии раиси ҷавону созанда ва азхудгузаштаи хеш муҳтарам Рустами Эмомалӣ симои худро ба он ҳадде дигар кардааст, ки кӯчаву хиёбонҳои шаҳр бо баландиву рангорангии биноҳо, тарҳи хушу муосир ба таври куллӣ нашинохтанӣ гардидааст.

Имрӯз аз сиёсати созанда ва дастгириҳои судманди Пешвои миллат мо меъморону сохтмончиён тамоми иқтидори хешро баҳри  бунёдкориву созандагӣ равона сохтаем, ки бо роҳбари ғамхору созандаи хеш тамаддуни нави шаҳрсозиро асос гузорем.

Ба ҳар миллат муяссар намешавад, ки роҳбари он шахси созандаву фидоии халқ бошад. Давлати мо ба ҷавониаш нигоҳ накарда, аллакай ба дастовардҳое шарафёб гардидаистодааст, ки мамлакатҳои мутараққи олам, дар ин давраи гузариш ба чунин натиҷаҳо ноил набуданд.

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлисӣ Олӣ (26 январи соли 2021) зикр намуданд: “Ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, дарёфти манбаъҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, инкишофи нерӯи инсонӣ ва бо ҳамин роҳ мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.”

Аз ин рӯй ҳар шаҳрванди баору номуси кишвар, ба хотири аз худ ба оянда як ватани ободу зебо ва шукуфону босуботро ба мерос гузоштан ҳар банду ҳар ҳарфи Паёми Президенти маҳбубамонро сармашқи кори хеш қарор дода, баҳри амалишавии он ҳар иктидору тавоне, ки дорад, сафарбар намояд.

Ба бахти баланди мо меъморону сохтмончиён аст, ки бо амалисохтани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди иншооти ҷашнӣ ширкат мекунем, лоиҳаҳои хешро пешниҳод месозем ва аз ҳама муҳимаш ҷузъе аз таърихи ин созандагиҳо мегардем.

Баҳром Мализода – директори ҶСК                                                    “Саноатсоз”-и Кумитаи меъморӣ                                                           ва сохтмони назди Ҳукумати                                                                  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонӣ доир намуданд

Бо ташаббуси Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонии он ҷониб бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас ба Тоҷикистон меояд

Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас изҳор дошт, ки рӯзи якшанбеи 29 август ба Тоҷикистон, Узбекистон ва Покистон сафар намуда, вазъ дар...

Шарл Мишел: «Мо бо Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди зарурати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон мувофиқем»

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, 26 август бо ташаббуси Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонии он ҷониб бо Асосгузори сулҳу...

ҶАСОРАТУ САДОҚАТ ВА ҚАВЛУ АМАЛИ ТОҶИКИ АСИЛ

Суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дирӯз, зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ иброз...

Related news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонӣ доир намуданд

Бо ташаббуси Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонии он ҷониб бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас ба Тоҷикистон меояд

Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас изҳор дошт, ки рӯзи якшанбеи 29 август ба Тоҷикистон, Узбекистон ва Покистон сафар намуда, вазъ дар...

Шарл Мишел: «Мо бо Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди зарурати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон мувофиқем»

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, 26 август бо ташаббуси Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонии он ҷониб бо Асосгузори сулҳу...

ҶАСОРАТУ САДОҚАТ ВА ҚАВЛУ АМАЛИ ТОҶИКИ АСИЛ

Суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дирӯз, зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ иброз...