10.5 C
Tajikistan
Friday, June 18, 2021

Даври дуюми машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Украина баргузор гардид

17 май  даври дуюми машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина баргузор гардид. Ҳайатҳои тарафҳоро муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ва муовини вазири корҳои хориҷии Украина Евгений Енин роҳбарӣ намуданд.

Ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои густариши равобити дуҷонибаро дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ карда, доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд. Омодагӣ ва рағбати мутақобил ба густариши бештари муносибатҳои дӯстӣ дар ҳамаи соҳаҳо изҳор гардид.

Зимни ройзаниҳои сиёсӣ тарафҳо ба тавофуқ расиданд, ки Барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2021-2022 аз сӯи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Украина Дмитрий Кулеба ба имзо расад.

Дар фарҷоми машваратҳо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин муовини вазири корҳои хориҷии Украина Евгений Енинро ба ҳузур пазируфт.

Latest news

БО ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҶУЗЪЕ АЗ ТАЪРИХИ СОЗАНДАГИҲО МЕГАРДЕМ!

Агар тайи ду даҳсолаи охир ба Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ кунем,...

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва мудири Дафтари минтақавии ЮНЕСКО масоили марбут ба соҳаи маорифро баррасӣ намуданд

Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории бисёрҷониба бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи махсус дорад. Яке аз ташкилоте, ки фаъолияташро...

Доир ба фаъолияти намояндагиҳои СУТ дар давлатҳои минтақавӣ ҷаласаи онлайнӣ баргузор гардид

17 май бо ташаббуси Дафтари минтақавии Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар Аврупо оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти намояндагиҳои СУТ дар давлатҳои минтақавӣ...

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД баргузор хоҳад шуд

19 май дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мешавад. Шӯрои вазирони СААД таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии...

Related news