1.3 C
Tajikistan
Friday, September 17, 2021

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва мудири Дафтари минтақавии ЮНЕСКО масоили марбут ба соҳаи маорифро баррасӣ намуданд

Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории бисёрҷониба бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи махсус дорад. Яке аз ташкилоте, ки фаъолияташро ба соҳаи маориф ва илм равона кардаст, муассисаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мебошад.

Ин нукта 17 май зимни мулоқоти Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо мудири Дафтари минтақавии ЮНЕСКО Криста Пиккат баён гардид.

Дар мулоқот зикр шуд, ки пешбурди масъалаҳои вобаста ба маориф яке аз самтҳои афзалиятноки шуъбаи Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО ба ҳисоб рафта, якчанд барномаву лоиҳаҳо анҷом дода шудаанд.

Ҳамасола дар доираи ҳамкорӣ аз ҷониби ЮНЕСКО дар дохил ва хориҷи мамлакат конфронсу семинар ва дигар барномаҳо доир шуда, ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои мазкур намояндагони вазорат ва зерсохторҳои он даъват мегарданд.

Ҳамзамон аз ҷониби ЮНЕСКО пешниҳод гардид, ки бо мақсади боз ҳам густариш додани ҳамкорӣ дар самти маориф ва илм ва татбиқи ҳадафи 4-уми Рушди устувор бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шавад.

АКСҲО аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонӣ доир намуданд

Бо ташаббуси Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонии он ҷониб бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас ба Тоҷикистон меояд

Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас изҳор дошт, ки рӯзи якшанбеи 29 август ба Тоҷикистон, Узбекистон ва Покистон сафар намуда, вазъ дар...

Шарл Мишел: «Мо бо Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди зарурати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон мувофиқем»

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, 26 август бо ташаббуси Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонии он ҷониб бо Асосгузори сулҳу...

ҶАСОРАТУ САДОҚАТ ВА ҚАВЛУ АМАЛИ ТОҶИКИ АСИЛ

Суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дирӯз, зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ иброз...

Related news