1.3 C
Tajikistan
Friday, September 17, 2021

Дар семоҳаи аввали соли 2021 гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 104 млн доллари ИМА-ро ташкил дод

Ӯзбекистон яке аз шарикони асосии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар семоҳаи аввали соли 2021 гардиши савдо байни ду кишвар 104 млн доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 23,1 млн. доллари ИМА афзоиш ёфтааст. Ин нукта дирӯз зимни мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо муовини Сарвазир — Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Умурзақов, ки дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи ҷаласаи ҳаштуми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид, тазаккур дода шуд.

Тавре аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот, ки дар фазои созанда ва дӯстона сурат гирифт, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар самти лоиҳаҳои афзалиятноки рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мубодилаи таҷриба байни вазоратҳои ҳарду кишвар дар самтҳои дурнамосозии макроиқтисодӣ, тиҷорати электронӣ ва содагардонии расмиёти савдо ҳамкорӣ намоянд.

З. Завқизода зикр намуд, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев муносибатҳои ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро барои густариши ҳамкории судманд изҳор карданд.

АКС аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонӣ доир намуданд

Бо ташаббуси Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонии он ҷониб бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас ба Тоҷикистон меояд

Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас изҳор дошт, ки рӯзи якшанбеи 29 август ба Тоҷикистон, Узбекистон ва Покистон сафар намуда, вазъ дар...

Шарл Мишел: «Мо бо Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди зарурати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон мувофиқем»

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, 26 август бо ташаббуси Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонии он ҷониб бо Асосгузори сулҳу...

ҶАСОРАТУ САДОҚАТ ВА ҚАВЛУ АМАЛИ ТОҶИКИ АСИЛ

Суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дирӯз, зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ иброз...

Related news