1.3 C
Tajikistan
Friday, September 17, 2021

Аз 21 май то 30 июн Бозиҳои варзишии Тоҷикистон гузаронида мешавад

Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим аз 21 май то 30 июн Бозиҳои варзишии Тоҷикистон доир мегардад.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ба барномаи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон баскетбол, бокс, вазнбардорӣ, варзиши сабук, волейбол, гӯштингирӣ, гӯштини варзишӣ (тарзи озод ва юнонӣ-римӣ), камонварӣ, каратэ, қаиқронӣ, самбо, таэквондо, ҳандбол, ҷудо ва шиноварӣ ворид карда шудаанд.

Бозиҳои варзишии Тоҷикистон 22 май бо мусобиқаи варзиши сабук оғоз шуда, ду рӯз идома меёбанд. Сипас, 1-2 июн баргузории мусобиқаи гӯштингирӣ, 3-4 июн мусобиқаҳои гӯштини юнонӣ-римӣ ва каратэ, 5-6 июн мусобиқаи шиноварӣ, 7-8 июн мусобиқаи гӯштини тарзи озод, 9-10 июн мусобиқаҳои ҷудо ва таэквондо, 10-14 июн сабқати волейбол миёни бонувон, 11-12 июн мусобиқаи самбо, 12-13 июн мусобиқаи вазнбардорӣ, 13-17 июн мусобиқаи ҳандбол, 18-22 июн мусобиқаи баскетбол миёни мардон, 23-27 июн мусобиқаи волейбол миёни мардон, 24-25 июн мусобиқаи қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ, 25-29 июн мусобиқаи бокс ва 28-29 июн мусобиқаи камонварӣ дар назар дошта шудааст.

Ба ғайр аз мусобиқаи вазнбардорӣ, камонварӣ ва волейбол миёни бонувон боқимондаи мусобиқаҳо дар пойтахт – шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Баргузории мусобиқаи вазнбардорӣ дар шаҳри Кӯлоб, волейболи бонувон дар шаҳри Хоруғ ва мусобиқаи камонварӣ дар шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.

АКС аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонӣ доир намуданд

Бо ташаббуси Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонии он ҷониб бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон...

Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас ба Тоҷикистон меояд

Вазири корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас изҳор дошт, ки рӯзи якшанбеи 29 август ба Тоҷикистон, Узбекистон ва Покистон сафар намуда, вазъ дар...

Шарл Мишел: «Мо бо Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди зарурати ташкили ҳукумати фарогир дар Афғонистон мувофиқем»

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, 26 август бо ташаббуси Президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел суҳбати телефонии он ҷониб бо Асосгузори сулҳу...

ҶАСОРАТУ САДОҚАТ ВА ҚАВЛУ АМАЛИ ТОҶИКИ АСИЛ

Суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дирӯз, зимни мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ иброз...

Related news