-3.2 C
Tajikistan
Thursday, September 28, 2023

Дар Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонун «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» баррасӣ гардид

Имрӯз ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид.

Дар он вакилон лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ интихоб намудани Идизода Файзалӣ», лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» ва Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо»-ро ба вакилони мардумӣ Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ва вакили Маҷлиси намояндагон Мавлудахон Мирзозода шарҳ дода, иброз намуданд, ки  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади шаффофу ошкоро баргузор намудани мурофиаҳои судӣ, кафолати муҳокимаи одилонаи судӣ, густариши робитаҳои мақомоти судӣ бо воситаҳои ахбори омма, ҷоннок кардани фаъолияти сомонаҳои судӣ, қабули санадҳои қонуниву асоснок, таҳкими боварии шаҳрвандон ба ҳокимияти судӣ ва фароҳам овардани шароит барои дастрасии ҷомеа ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо таҳия гаштааст. Ин лоиҳа аз муқаддима, 6 боб ва 26 модда иборат буда,  асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд.

Боби якум ба муқаррароти умумӣ бахшида шуда, он маҳфумҳои асосӣ, доираи амали Қонун, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, принсипҳо, маҳдудият, тарзҳо, шаклҳои пешниҳоди иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истифодабарандаи иттилоотро дар бар мегирад.

Боби дуюм ташкили дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо ва талабот ҳангоми амалӣ намудани онро мушаххас намудааст.

Боби сеюм пешниҳоди иттилоот оид ба фаъолияти судҳоро дар бар гирифта, тарзҳои пешниҳоди иттилоот оид ба фаъолияти судҳоро ба роҳи иштирок дар мурофиаҳои судӣ, интишори иттилоот, ҷойгир кардани иттилоот дар сомонаи судҳо, интишори матни санадҳои судӣ дар сомонаи судҳо, ҷойгир намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо дар бинои судҳо, иттилооте, ки дар бойгонӣ вуҷуд доранд, инчунин дархости чунин иттилоот аз ҷониби истифодабарандаи иттилоот ва тартиби пешниҳод кардани иттилоот, ҳамчунин моддаи охирини ин боб асосҳоеро, ки имконияти пешниҳоди иттилоот оид ба фаъолияти судҳоро истисно мекунад, пешбинӣ шудааст.

Боби чорум ҳамкории судҳо бо воситаҳои ахбори омма буда, он мақсад ва шаклҳои ҳамкории судҳо бо воситаҳои ахбори омма, намояндаи расмии судҳо оид ба чунин ҳамкориро муқаррар намудааст.

Боби  панҷум ба ҳифзи ҳуқуқ ва назорати дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо бахшида шудааст.

Боби шашум аз муқаррароти хотимавӣ иборат буда, он ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани онро пешбинӣ кардааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» ба талаботи моддаҳои 1, 2, 5, 10, 14, 17, 30, 42 ва боби 8-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, мурофиавии гражданӣ, мурофиавии иқтисодӣ, мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», боби 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Дар иҷлосия зимни баррасии Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб» муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода иброз намуданд, ки мақсади асосии лоиҳа сохтмон ва барқарорсозии обанборҳои мавҷуда, беҳтар гардонии сифат, безараргардонӣ ва бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии шаҳри Кӯлоб мебошад.

Дар иҷлосия ҳамчунин Эмомалӣ Насриддинзода барои хизматҳои шоиста ва дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ бо ифтихорномаи Маҷлиси намояндагон ва аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Сипоснома сарфароз гардонида шуд.

ДАР АКС: Раиси Суди Олии ҶТ, акс аз Маҷлиси намояндагон

Latest news

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Олмон рафтанд

28 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ...

Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалӣ дар Қатар иштирок намуд

 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар Конференсияи 12-уми байналмилалии «Ба сӯи навсозии амали фарҳангӣ дар ҷаҳони Ислом», ки 25-26 сентябр дар шаҳри...

Ҳамкорӣ байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ тақвият меёбад

 Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов бо роҳбари намояндагии Бунёди Ҳаннс Зайдел (Олмон) дар Осиёи Марказӣ Макс Георг...

Ҳайати Тоҷикистон дар ҳамоиши сатҳи баланд оид ба навкунии низоми омор дар Латвия иштирок дорад

26 сентябр дар шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия ҳамоиши сатҳи баланд барои роҳбарони мақомоти омори давлатҳои ҳамсояи шарқии Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар...

Related news