4.1 C
Tajikistan
Friday, June 18, 2021

15 май мавсими нави Лигаи футболи бонувон оғоз мегардад

Дар қароргоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон маросими қуръакашии ҷадвали бозиҳои Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон дар мавсими нав доир гардид. Мавсими нави Лигаи футболи бонувон 15 май оғоз шуда, дар ду марҳила сурат мегирад. Дастаҳо дар мавсим 18 бозӣ анҷом хоҳанд дод.

Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар Чемпионати чоруми Тоҷикистон оид ба футбол миёни бонувон 10 даста иштирок мекунанд: “Зебонисо” (Душанбе), “Хатлон” (Бохтар), “Суғд” (Суғд), “Конибодом” (Конибодом), «Зебо» (Дӯстӣ), «Бешкент» (Носири Хусрав), «Чашма» (Шаҳритус), «Равшан» (Кӯлоб), «Ҳосилот» (Фархор) ва «Нушофарин» (Бохтар).

Чун анъана Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамаи дастаҳои бонувонро бо либоси варзишӣ ва тӯб таъмин намуд. Федератсия ҳамчунин ҳаққи хизмати доварон ва хароҷоти сафари дастаҳоро дар меҳмонӣ пардохт мекунад.

Ғолиби мавсими гузаштаи Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон дастаи “Зебонисо”-и Душанбе мебошад.

Қуръакашӣ дар даври аввали Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон

Даври 1

15 май (шанбе)

«Зебонисо» — «Бешкент»

«Суғд» — «Равшан»

«Зебо» — «Нушофарин»

«Ҳосилот» — «Хатлон»

«Конибодом» — «Чашма»

АКС аз ФФТ

Latest news

БО ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҶУЗЪЕ АЗ ТАЪРИХИ СОЗАНДАГИҲО МЕГАРДЕМ!

Агар тайи ду даҳсолаи охир ба Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ кунем,...

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва мудири Дафтари минтақавии ЮНЕСКО масоили марбут ба соҳаи маорифро баррасӣ намуданд

Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории бисёрҷониба бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи махсус дорад. Яке аз ташкилоте, ки фаъолияташро...

Доир ба фаъолияти намояндагиҳои СУТ дар давлатҳои минтақавӣ ҷаласаи онлайнӣ баргузор гардид

17 май бо ташаббуси Дафтари минтақавии Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар Аврупо оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти намояндагиҳои СУТ дар давлатҳои минтақавӣ...

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД баргузор хоҳад шуд

19 май дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мешавад. Шӯрои вазирони СААД таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии...

Related news