-2.9 C
Tajikistan
Thursday, March 30, 2023

Меҳмони нав дар финали лигаи Аврупо 2021

Дар бозии ҷавобии даври ниманиҳоии  Лигаи Аврупо тими «Манчестер Юнайтед» меҳмони “Рома”- и Италия гардид. Макони баргузории сабқат  майдони  «Олимпико»  интихоб шуд. Дидори дастаҳо дар бозӣ якум бо ҳисоби 6-2 ба фоидаи девҳои сурх ба анҷом расида буд.

  Бидуни шак пас аз ин натиҷа кас бовар ҳам намекард, ки вохӯрии навбатии ду дастаи қораи Аврупо тамошобоб хоҳад гашт. Вале фаромӯш нахоҳем кард, ки “Гургони борондида” дар Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо дар соли 2017/18  Барселонаи номдорро дар кадом ҳолат оварда буданд. 

Ҳисоби 4-1 дар кампноу ва 90 – ҳазор мухлиси ҷамъомада бар он борвар буданд, ки “Барселона” акнун бидуни шак роҳхати марҳилаи навбатиро пайдо кардааст. Эусебио Ди Франческо коршиноси итолиёвӣ дар вохӯрии навбатӣ фалсафаи бозиро тағйир дод ва шогирдони Эрнесто Валверде маҷбур шуданд то бозиро 3 маротиба  аз маркази майдон оғоз намоянд.

Ҳисоби умуми 4-4 ва бо афзалияти бештари голҳо онҳо ба даври навбатӣ роҳ пайдо карданд. Вале ин гуфтаҳо дар ҷодаи футбол акнун танҳо таърихеро мемонаду халос.

Соли ҷорӣ “Манчестер Юнайтед”- ро метавон фоварити Лигаи Аврупо ном бурд, чаро ки онҳо аз ин сабқат дар  соли 2016/17  ин ҷомро  болои сар бардоштаанд.

Чун дар бораи таърих гуфтем.  Месазад, қайд кард, ки дастаҳои  “Манчестер Юнайтед” ва “Рома”-и Италия  аз соли 2007- ум  маротибаи  9 – ум мешавад бо ҳам вомехӯрданд.

7 маротиба “Манчестер Юнайтед” пирӯз омада, як мусовї ва як ғолибияти “Рома” ба қайд гирифта шудааст.

Аз онки “Манчестер Юнайтед” барои нахустинбор аз  дастаи итолиёвӣ шаҳди нокомӣ чашид,  вале ба даври ниҳоӣ роҳ пайдо кард.

 Чаро ки бозии аввали дастаҳо дар Манчестер бо натиҷаи калони 6:2 ба фоидаи “Девҳои сурх” хотима ёфта буд. Дар умум шумораи голҳои сабтшуда аз дидори ин ду даста  35 торо мемонад.  

Ҳамин тавр, «Манчестер Юнайтед » аз рўи натиҷаи ду дидор бо ҳисоби калони 8:5 пирӯз омада, ба финал роҳ ёфт. Акнун « Манчестер Юнайтед» дар даври ниҳоӣ бо дастаи “Вилярреал”-и Испания  рӯ ба рӯ мешавад.

Чун дар боло гуфтем.  Дастаи “Манчестер Юнайтед” фоварит ба шумор меравад,  бевосита набуд,  зеро соли равон се дастаи англисӣ роҳхати финалро ба даст оварданд.  “Виляреал” бори нахуст ба даври нињоии сабқати Лигаи Аврупо роҳ ёфт. Ба ҳамин монанд дар Лигаи қаҳрамонҳо “Манчестер Ситӣ”-и камтаҷриба низ ба ин давр қадам зад, ки бо “Челсӣ”-и Лондон рӯ ба рӯ хоҳад гашт. Вале таърих гувоҳ аст, ки  чӣ дар “Ҷоми Аврупо”, “Лигаи Аврупо” ва “Лигаи Қаҳрамонҳо” бештари ҷомҳоро дастаҳои Испани соҳиб гардидаанд. Нишондоди дастаҳо 11 – 8-ро мемонад.  Агар оғози ғолибияти  Лигаи қаҳрамонҳоро тими “Реал Мадрид” ба номаш муҳр зада бошад, пас оғози пирӯзии “Ҷоми Аврупо” ва “Лигаи Аврупо”-ро  дастаи “Тотенхэм”-и Англия анҷом додааст.

“Виляреал” дар маҳилаи гурўҳӣ бо ба даст овардани 16 имтиёз ва касби мақоми 1-ум аз гурўҳи “I”  ба даври плей –оф баромад, вале   “Арсенал”-и Лондон агарчи 18 имтиёз  дар гурӯҳи “Б” ба даст оварду садрнишин буд, ин навбат натавонист, ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ ёбад.

 15 сол қабл ин ду даста дар ҳамин марҳила бо ҳам дидор анҷом доданд, вале он дар Лигаи қаҳрамонҳо буд, ки “Арсенал”  дар финал аз дастаи дигари испанӣ  – “Барселона” бо ҳисоби (2-1) шикаст хӯрд.

Бозии “Арсенал” ва “Виляреал”-ро танҳо як голи басамаррасондаи бозингари дастаи лондонӣ – Коло Туре ҳал намуд. Вале он солҳо дастаи испаниро коршиноси чилигӣ  – Мануэл Пеллегрини роҳбарӣ мекард.

  Исми Унай Эмериро талисмани “Лигаи Аврупо” ном барем ҳам иштибоҳ нахоҳем кард. Таҳти роҳбарии коршиноси испанӣ дастаи “Севилия” 3 маротиба пайиҳам ҷомро болои сар бардоштааст, ки натиҷа рекордӣ ба шумор меравад.

Соли ҷорӣ чамбараки дастаи “Виляреал”  ро Унай Эмери ба уҳда дорад ва сармураббии Манчестер Юнайтед – ро мебояд бози бар муқобилашонро дуруст андешад фикр намояд.

Аз 6 дидори дастањои “Виляреал”  ва “Арсенал” тими англисӣ чӣ  аз ҷиҳати ғолибият ва чӣ аз ҷиҳати таносуби голҳо пешсаф аст.

 Шумораи тӯбҳои задашуда 9 – то мебошад , ки   6 – то “Арсенал”  3 то “Виляреал” ва ду дидор бо натиҷаи мусовии 0-0  хотима ёфтааст.

Финали “Лигаи Аврупо” миёни дастаҳои “Манчестер” ва “Виляреал”  санаи 26- уми май баргузор мегрдад.

Шаҳобиддин Ятимов

 Аксҳо аз манбаъҳои боз

Latest news

Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ сафар намуд

Дирӯз гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мавзеи офати табиӣ дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки дар...

Бо дастури Президенти Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларза Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуд

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Комиссияи...

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад

Имрӯз, 23 март, соати 01:07 ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар»...

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии канории «Харитаи роҳ барои соли 2025: Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»

22.03.2023, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Муҳтарам Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид,Муҳтарам иштирокдорони чорабинӣ,Хонумҳо ва ҷанобон, Пеш...

Related news