10.5 C
Tajikistan
Friday, June 18, 2021

Ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон: Кафолати муҳокимаи одилонаи судӣ таъмин карда мешавад

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади шаффофу ошкоро баргузор намудани мурофиаҳои судӣ, кафолати муҳокимаи одилонаи судӣ, густариши робитаҳои мақомоти судӣ бо воситаҳои ахбори омма, ҷоннок кардани фаъолияти сомонаҳои судӣ, қабули санадҳои қонуниву асоснок, таҳкими боварии шаҳрвандон ба ҳокимияти судӣ ва фароҳам овардани шароит барои дастрасии ҷомеа ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо таҳия гаштааст.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов иттилоъ медиҳад, ин матлабро муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода зимни баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баён намуд.

Ҷаласаи мазкур имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид.

Равшан Раҷабзода ҳамчунин иброз намуд, ки лоиҳаи зикршуда аз муқаддима, 6 боб ва 26 модда иборат буда,  асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд.

Боби якум ба муқаррароти умумӣ бахшида шуда, он маҳфумҳои асосӣ, доираи амали Қонун, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, принсипҳо, маҳдудият, тарзҳо, шаклҳои пешниҳоди иттилоот оид ба фаъолияти судҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истифодабарандаи иттилоотро дар бар мегирад.

Боби дуюм ташкили дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо ва талабот ҳангоми амалӣ намудани онро мушаххас намудааст.

Боби сеюм пешниҳоди иттилоот оид ба фаъоляти судҳоро дар бар гирифта, тарзҳои пешниҳоди иттилоот оид ба фаъолияти судҳоро ба роҳи иштирок дар мурофиаҳои судӣ, интишори иттилоот, ҷойгир кардани иттилоот дар сомонаи судҳо, интишори матни санадҳои судӣ дар сомонаи судҳо, ҷойгир намудани иттилоот оид ба фаъолияти судҳо дар бинои судҳо, иттилооте, ки дар бойгонӣ вуҷуд доранд, инчунин дархости чунин иттилоот аз ҷониби истифодабарандаи иттилоот ва тартиби пешниҳод кардани иттилоот, ҳамчунин моддаи охирини ин боб асосҳоеро, ки имконияти пешниҳоди иттилоот оид ба фаъолияти судҳоро истисно мекунад, пешбинӣ намудааст.

Боби чорум ҳамкории судҳо бо воситаҳои ахбори оммаро дар бар гиирифта, мақсад ва шаклҳои ҳамкории судҳо бо воситаҳои ахбори омма, намояндаи расмии судҳо оид ба чунин ҳамкориро муқаррар намудааст.

Боби  панҷум ба ҳифзи ҳуқуқ ва назорати дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо бахшида шудааст.

Боби шашум аз муқаррароти хотимавӣ иборат буда, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор додани онро пешбинӣ кардааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо» ба талаботи моддаҳои 1, 2, 5, 10, 14, 17, 30, 42 ва боби 8-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодексҳои мурофиавии ҷиноятӣ, мурофиавии гражданӣ, мурофиавии иқтисодӣ, мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ», боби 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Манбаъ: АМИТ “Ховар”

Latest news

БО ҲИДОЯТҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ҶУЗЪЕ АЗ ТАЪРИХИ СОЗАНДАГИҲО МЕГАРДЕМ!

Агар тайи ду даҳсолаи охир ба Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ кунем,...

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ва мудири Дафтари минтақавии ЮНЕСКО масоили марбут ба соҳаи маорифро баррасӣ намуданд

Дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории бисёрҷониба бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи махсус дорад. Яке аз ташкилоте, ки фаъолияташро...

Доир ба фаъолияти намояндагиҳои СУТ дар давлатҳои минтақавӣ ҷаласаи онлайнӣ баргузор гардид

17 май бо ташаббуси Дафтари минтақавии Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар Аврупо оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти намояндагиҳои СУТ дар давлатҳои минтақавӣ...

Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД баргузор хоҳад шуд

19 май дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мешавад. Шӯрои вазирони СААД таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии...

Related news